Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
медиҳад. Пахта тар буд, хушк шуд, мегўяд. Кӣ онро ҳисоб карда шиштаст?
Рухсора аввал ба гапам бовар накард. Баъди пурсукови зиёд гуфт:
– Чӣ хел даррав розӣ шудаанд, ҳайронам, – чашмаш ба як нуқта банд гашта, хеле фикр карда монду баъд хоҳиш кард: – Дар ин ҷо ба ҳеҷ кас даҳан накушоед.
Агар гўед, сонӣ мебинед! – вай бо нозу адо таҳдид кард.
Сипас шармида, нигоҳашро гурезонд. Дар сухани вай ҳоло як оҳанги маҳрамона, муҳаббат ва навозиши то имрўз ба ман ноошноеро пай бурда, аз миннатдорӣ бошад ё дигар ягон ҳиссиёт дар чашмонам об чарх зад.
Баъд аз ин вай тамоман аз ман гурехта мегаштагӣ шуд. Дар роҳ ҳамроҳи духтарон пеш ояд, то салому ҳолпурсӣ карда, гузаштани ман вай суп - сурх шуда, қариб нафасгир мегашт.
Хушбахт будам. Ҷаҳон ҳоло барои ман пур - пур аз шодмонӣ. Албатта, ҳанўз пурра дилам тахт набуд, баъзан нохуни шубҳаи номаълум ким-куҷои синаамро мехарошид, хотирамро парешон карда, ба деги ҷўшони хушнудиам кам-кам оби сард мерехт. Худ ба худ мегуфтам, ки агар ба ин тариқ нигарони хостгори ман бошанд, чаро ин гапро ба нағзӣ нагуфта, ману Манучеҳрро беобрўй карда ронданд? Ҳеҷ намефаҳмам, гапу кори инҳо ба ягон қоидаи мантиқ рост намеояд.
Исрофилзодаро се-чор рўз ба сари курсҳои чорум фиристоданду қасд кардагӣ барин, дар ин миён як дунё моҷаро бархост. Ман ҳар бегоҳирўзӣ пахтаи чидаи донишҷўёнро ҷамъбаст карда, ба штаби факултет мерафтам. Ҳисобот медодам, дар хусуси кори фардо дастур мегирифтам. Шабе соат қариби ёздаҳ аз штаб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор