Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Тамоми роҳ дар автобус бо ҳамсафарон гап зада
механдидам, латифа мегуфтам. Одами хушбахти дунё
будам. Олам дар назарам якбора дигар шуд: одил ва
тандеҳ, меҳрубон ва дилбастанӣ.
Ба қароргоҳамон наздик шудаму дилам сахт-сахт
тапидан гирифт. Кошкӣ ҳозир дар ин ҷо донишҷў
мебудам! Ба ҳама эълон мекардам, ки аз ҳамин рўз
эътиборан Рухсораи нозанин арўсшавандаи ман аст!
Зиёфат медодам.
Дар қароргоҳ Исрофилзодаро ҳамроҳи чор нафар
духтар дар сари дастархон дида, рости гап ғашам омад,
ё рашк кардам, намедонам. Вохўрӣ кардаму густохона
бо назари савол ба рўи муаллим нигаристам. Вай
маънии нигоҳамро фаҳмиду гуфт:
– Бечора духтарон монда шудаанд, ду-се рўз дам
гиранд. Ман ошпаза ба пахтачинӣ фиристода, ба ҷояш
инҳоя мондам.
Чӣ гуна пахта чидани ошпази маъюб – Подабони
лангро пеши назар оварда, беихтиёр табассум кардам.
Рухсора гунаҳгорона сар хам карда менишасту аҳёнаҳён ба чашми ман нигариста, мазмун гирифтанӣ
мешуд.
– Саркорба гуфтам дусад кило пахта илова мекунад,
ба номи инҳо менависем, – муаллим рўзе қариб дусад
кило пахта чидани ин духтаронро ба ёд оварда, маро
хотирҷамъ карданӣ шуд.
– Чӣ хел? Аз куҷо илова мекунад? – азбаски вазифаам
ҳисобдорӣ буд, ҳайрон шуда пурсидам.
– Э-э, шумо ин корҳоро намедонед. Ҳозир як тонна
пахта чинем, агар хоҳам, барои ду тонна справка

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор