Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Рўзи шанбе ту ҳамин ҷо ҳозир шав, бо ягон кор барояд, сарсон нашавем, – гуфтанд падарам. Азбаски дар хусуси хонадоркунӣ падару писар гап заданаш чандон аз одоб не, ману он кас дар ин боб хомўш будем.
– Сараввал ба ҳавлии каси дигар афтодем, – амакам хандида-хандида тафсилоти сафарашонро ба гуфтан сар карданд. – Аз мошин фуромада ҳавлии Асрорбой кадом, гўён пурсем, як одам ҳавлии сари роҳ бударо нишон дод.
Дарвозаро кўфтем, як духтари қадрас баромад. Дар дилам гуфтам, ки хайрият, худи арўс ҳам ҳамин ҷо будаст. «Ҳавлии Асрор-амак ҳамин аст?» гўям, «ҳа»
гуфт. Бе пўшт-пўшт даромадем. Як мўйсафеди нуронӣ баромад. Ту гуфта будӣ, ки падараш одами миёнсол.
Ҳайрон шудам, аммо гап назадам. Дар як тарафи ҳавлӣ меҳмонхонаи соз доштаст, даромадем, дастархон кушод.
Сонӣ, дар сари чой оҳиста пурсидам: «Амак, агар хато накунем, як духтарчаатон дар институт мехонад-а?»
Пиракӣ ҳангу манг шуд. Баъд таги гапа фаҳмиду гуфт, ки саҳв кардед, ҳавлии вай Асрорбои шумо мегуфтагӣ дар домани деҳа, дар пушти осиёб. Сонӣ, узр гуфта баромадем.
Рўзи дигар ман онҳоро ба деҳа гуселонда, худам ба Вахш шитофтам. Зудтар Рухсораро дида, ин хушхабарро ба вай гуфтан мехостам. Рухсораро ба ман медиҳанд! Ин маъниро ба хотир оварда, аз хурсандӣ ба куртаам намеғунҷидам. Ба тамоми дунё ҷор зада, ин хабарро эълон кардан мехостам. Мехостам, ки ўро бо меҳрубонию муҳаббати худ хушбахт кунам, суханони дилрасе гўям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор