Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мешавад, – баъд ба дадаам рў оварда гуфтанд: – Одамони ғалатӣ, ҳавлӣ ба номи зан бошад, аз ҳавлӣ дил канда рафта наметавонад, мегуфта бошанд?
– Худо медонад дар дили онҳо чӣ гап аст, – гуфтанд дадаам ғарқи андеша чойи пиёлаашонро ҳўп кашида.
– Аз куҷо, ба кадом пул ҳавлӣ мехаридаам?
– Парво накун, хуб гўю тахт ист. Ҳавлӣ гўянд, хешу табор пургарием, як бало мекунем. Ягон рўз пулдор шавӣ, қарзатро меканӣ. Қарза меканӣ, зан мемонад. Аз шаҳр ба ягон гўристон намеравам, гўён хат карда те. Ун сунаш боз худо подшоҳ аст. Нону насиб медонад. Ман хешоната дилпур кардам: «Гиред, ҳамин як писарамонро ба шумо додем!» гуфтам... Э, инҳо дарди бахайр, қалинашона намегўӣ? Ману дадаат ҳайрон шудем. Дар тарафи мо ҳаққи шири модар гуфта як чиз мепартоянд. Не, инҳо чобуканд аз қалини духтар мошин савор шуданӣ.
Дадаам аз ин қабоҳат лаб газида, сар ҷунбонданд.
– Хайр, ҳоло аниқ гап нашудасту ҳамту ишора кард.
Вақти дар пеши қавм нон шикастан гапзанон мекунем.
Як бало мешудагист, ғам нахўр, – дарёдилона даст афшонданд он кас.
Амакам марди бағоят навчаи зебоандоманд.
Қаддашон расо яку ҳаштоду шаш. Ситорагарми гандумгун, чашму абрўсиёҳ, бинии рости теғадор ва нигоҳи равшан доранд. Аз ҳама бештар гардани баҳодуронаи он кас диққати маро ба худ мекашад. Баёзи гарданашон бемуҳобот расо як ваҷаб аст.
– Ҳафтаи дигар рўзи шанбе шаш-ҳафт кас шуда меоему рафта нон шикаста, хотирата ҷамъ карда мемонем. Биринҷ, меваю қандалот, ягон гўсфанд, ё кушта гўшташа меорем, – қарордодашонро ба ман фаҳмонданд амакам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор