Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кабир аз паям гаштаст, медонам — орзуманди ҳамгап шудан аст, вале имконаш намедиҳам. Ҷавони дилхоҳ, бамаънӣ, ояндааш равшан мегӯянд, аммо, аз чӣ бошад, ки ҳанӯз аз дӯстдорӣ ҳам метарсам...»
Баъди ду-се моҳи ба кор омадани Занҷир боре Кабир пеши вай омад ва баъди як-ду сухани беаҳмият дар хусуси кори дастгоҳаш, ба гӯши ӯ даҳонашро, наздик оварда гуфт:
— Барои шумо аз ҳавлии як кампир ҳуҷраи иҷора ёфтам. Қимат не, ҷои нағз, наздик.
— Аз афти кор, ҳу вай Амрӣ иҷора мекофт, ман не, — зуд ҷавоб дод Занҷир бепарво ба чашми ҷавон нигариста.
— Ман барои шумо... Хобгоҳ барои духтарон... а-аа.. чӣ гӯям...
— Беҳтараш ҳеҷ чиз нагӯед, — гуфт Занҷир ба тундӣ.
— Ҳар хел одам ҳаст.
— Як хели аз ҳама ғалатиаш — ман, худам. Дина як бачаи маст чашми дарбона хато карда даромадаст, телпакаша гирифга аз тиреза ба берун ғуррондам. Агар ман мард мебудам, телпакаш кати каллашро ҳам гирифта меғуррондам. Каллаи холӣ ба вай чӣ даркор аст?!
Кабир дар нигоҳаш тааҷҷуб ба вай нигарист.
Шигифтангезтар аз ин чӣ мешавад, ки як духтари деҳотӣ сухани ӯро василаи шӯхӣ ва дилхушӣ мекунаду вай ёрои ҷавоб гуфтан надорад, сухани даркорӣ ҳеҷ ба забонаш намеояд. «Ман суханони ҳазлу шӯхиро намебардорам.
Андешаи ман фақат ҷиддӣ аст. Мазоҳу масхарабозӣ кори мардуми бетаъину сабукфикр аст. Одами ҷиддӣ беҳуда даҳон намекушояд» гӯён ӯ ба дил худро таскин доду аз назди Занҷир дур шуд.

пешина
аз 538
навбатӣ