Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бояд, ки тан гирам: хеле чиз омӯхт, хеле чиз ёфтам...

  1. Инқилобе чун обҳои баҳорон...

Имшаб дугонаҳояш ба кино рафтанду Занҷир дар ҳуҷра танҳо монда буд ва саргузашташ ғайриихтиёр, монанди фильми нохуше гаштаю баргашта аз мадди назараш мегузашт. Вай тааҷҷуб мекард, ки масофаи байни замонҳоро инсон дар як мижа задан тай мезанад, сад бор гаштаю баргашта мебинад, вале он рӯйдодҳоро боре аз саҳифаи рӯзгори худ пок кардан наметавонад.
Баъзан вай худро тасаллӣ бахшидан мехост ва ба хотираш мегузашт, ки дар ивази он нокомӣ ба шаҳр омад, чашми ақлаш кушода шуд, дар чунин корхонаи дилписанд кор мекунад, музди кораш ҳам хуб аст.
«Шавҳар намегурезад, дар пешониам будагиш вомехӯрад, — мегуфт вай ба худ. — Ана, аксари ҷавонони корхона ба як нигоҳам ташнаанд, аз қафоям кашола мегарданд, гап мепартоянд, мактуб менависанд.
Ҷавонҳои дуруст, ботамкину ботамиз ҳам ҳастанд.
Аммо ман ба сухани ширину чашму рӯи зебо набояд фирефта шавам. То киву чи будани шавҳаршавандаамро равшан надонам, сидқан хуш накунам, падару модари ӯро дида, озмуда, писанда накунам, шавҳар намекунам.
Дар зиндагӣ то хато накунам, мебояд ҳам ҳиссиёти худ ва ҳам ҳиссиёти ӯро сахту шадид имтиҳон кунам, бисанҷам. Ман ба хато ҳақ надорам. Нон ба як рӯй мепазад. Нони аз танӯри сард хомкандагиро дубора боз мепазанд, лекин он нони дупушта аст. Ана, як сол боз

пешина
аз 538
навбатӣ