Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Хайр, имрӯз туро бадном кард, фардо духтари амакатро, пасфардо духтари дигареро... Ба нанг олуда гардед. Аслан, сазои мардуми мо ҳамин аст.
Занҷир тамасхур карду монд. Қаҳру ноумедии муаллими аламзада ба вай ҳеҷ таъсире накард. Сухане гуфта озурдагии муаллимро бартараф кардан мехост, вале сухани зарурӣ намеёфт. Ба ӯ ин лаҳза сухане даркор буд, ки андешаи ботили муаллимро инкор накарда, ӯро тасаллӣ бахшад, ғубори озурдагӣ аз синааш бубарад.
«Чаро муаллимро ранҷондам, — мегуфт ӯ ба худ. — Ба шаҳр, ба корхона одат карданам осон набуд, гумон мекардам пагоҳ-фардо сабабе пеш меояду боз ба деҳа баргашта меравам. Оҳиста-оҳиста ба корхона, ба ҳамкорон хӯ мегирифтам, аммо деҳаро, аҳли хонавода, ҳамдеҳагонро пазмон будам, муаллимонамро ҳам...
Онҳо ҳар лаҳза дар пеши чашмонам буданд. Ҳоло чаро муаллими худро ранҷондам, ҳеҷ намефаҳмам.
Наход ки ба ин шаҳр, ба расму қоидаи он, ба таомули мардумонаш, фикру ақидаи онон ба ҳамин минвол одат кунам? Чӣ бало, аз деҳа ва ҳамдеҳагонаш инсон ба ҳамин минвол дур мегардад? Аҷаб не, рӯзе мерасад, ки ман ҳам монанди ҳамхонаҳоям — Иринаю Салима рӯи қайроқсанги дарьёю сабзаи талҳо побараҳна гаштанро фаромӯш мекунам? Дигар харбузаро аз пайкол канда, ба кулӯхи огарди он зада кафонда намехӯрам. Балки фарзандонам қурут чисту қурутоб чист, донистан ҳам намехоҳанд, ҳурмати падару модар ва калонсолонро зарур намеҳисобидагӣ ҳамадонҳои ҳеҷмадон мешудагистанд?.. Хуб, дар ивази ин маҳрумиҳо шаҳр ба ман чи дод, чи ёфтам?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё