Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Баъди ягон ҳафта вай боз бо айни ҳамин матлаб ва пешниҳоди худ пеши Занҷир омад. Аввал латифае гуфта, духтарро хандондан хост, аммо латифаи дар асл хандаовар ҳам дар забони вай оҳанги ҳаҷвиашро гум кард.
— Хонаи кампиратон дарбон надорад, — гуфт Занҷир ин бор боз ҳамон матлаби ӯро шунида. Вай ҳоло шӯхиашро бо ҷиддияти тамом пинҳон дошта, балки ба соддалавҳӣ нисбат медод.
— Дарбон чӣ даркор аст? Дарвозааш доим руст.
— Намешавад. Дарвоза дарвоза аст, ҷои дарбонро намегирад. Ман бе дарбон метарсам.
— Э, натарсед, маҳаллаи мо — ором, осуда.
— Не, намешавад. Ҳамхонаи ман Ирина мегӯяд, ки дар ҳавзи ором ҷину аҷина мешавад.
— Тавба, — аз суханони духтар тааҷҷубаш меафзуд ва аз шарҳу идроки ин гуфтаҳои вай оҷиз табассум мекард Кабир. Сараввал аз дилаш гузашт, ки духтар ноқисулақл барин. Баъд, инро комилан ба соддагии духтари деҳотӣ ҳамл карду гуфт: — Шумо духтари чор кас медидагӣ. А-а... Дар хобгоҳ истиқомат мекунад, гӯянд нағз не. Ман барои обрӯи шумо...
— Ман чор кас медидагиам? Аз ростӣ?.. Ҳа-а, барои ҳамин Иринаю Салима маро ба шавҳар додани будаанд.
Бовар намекунед, аз нӯги қалини ман аллакай яктагӣ телпаки қоқумӣ аст, чӣ бало гирифтаанд. Боз пальтои белгӣ мегирифтаанд, — Занҷир якбор хандиду Кабир мазох кардани ӯро пай бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё