Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

таъсири ҳусни худ мамнун табассум мекард. Баъд пурсид:
– Мегўянд, ки пагоҳ-фардо ба пахтачинӣ меравем.
Шумо ҳам меравед?
– Надонам. Мерафтагистам.
Рухсора эҳсосоташро ҳаргиз кушоду равшан зоҳир намекунад. Ба фикрам, бо ҳамин хислаташ вай аз духтарони дигар фарқ дорад. Кӣ медонад, балки маҳз барои ҳамин ин қадар ўро дўст медорам, дар назарам чунин менамояд, ки дар дунё дигар ягон духтар ҷои ўро гирифта наметавонад. Ҳатто қаҳри вай, норозигию итоби вай, ҳангоми андаке ранҷиданаш бо шаст пушташро гардонда, ба дуриҳо нигариста мағрур табассум карда истодани вай — ҳамааш барои ман бемисл аст.

  1. ХОСТГОРӢ

Тирамоҳ дар тарафҳои мо фасли аз ҳама дилфорам аст. Субҳидам ҳаво чунон соф мешавад, ки олам дар назар монанди ҷоми булўрини нафисест. Ба ман чунин менамояд, ки он аз камтарин беэҳтиётӣ ва ҳаракати дурушт ҷарангос зада садо мебарораду сукути дилнавози он мешиканад. Офтоб монанди фасли саратон, гўё аз кўраи оташ берун меомада бошад, супсурх, хунобаранг не, шафақ монанди сўхтори азим ними осмонро фаро намегирад. Не, субҳи тирамоҳ ором, поку мусаффо, офтоб монанди лаълии нуқрагин аз паси дандонаи қуллаҳо оҳиста берун меояд. Тирамоҳ рўзҳои гарм бисьёр, аммо дар нимаи дуюми он шабу саҳар кас бо либоси тунук хунук мехўрад.

пешина
аз 538
навбатӣ