Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Насими сабук аз ҷониби кўҳ мевазаду дар бадани ман мурғак медамад. Дар оби ҷўй дасту рўй мешўяму ба дуродур нигоҳ мекунам. Дар осмони зарҳалӣ пора-пора абрҳои сафед беҳаракат истодаанд. Онҳо аз дур ба хирманҳои пахта шабоҳат доранд. Тирамоҳ ҳаво соф, осмон соф, оби рўдҳо ҳам соф, ҷўшу хурўши баҳориашон фурў нишаста, гўё полуда мешаванд.
Агарчӣ табиат дар тирамоҳ сокит ва хаёлангез аст, одамон пуркор ва сертараддуданд. Тирамоҳи кишвари мо, махсусан пурташвиш аст. Тамоми ҳосили дар саҳро расидаро ғундошта, саранҷом кардан кори саҳл не. Ба ёрии деҳқонон шаҳриён, сокинони деҳаҳои кўҳистон, донишҷўёну талабагон меоянд.
Ин тирамоҳ донишҷўёни институти моро аз ҳарсола барвақттар ба пахтачинӣ фиристоданд. Ҳамроҳи шогирдон як қисм муаллимон ва дигар кормандони институт ҳам ба пахтачинӣ омаданд. Факултети мо дар колхозҳои райони Вахш пахта мечинад. Дар аввал мо як гурўҳ кормандони гуногункасб ҳамчун дастаи алоҳида бо донишҷўёни курси чорум дар маркази колхоз, дар назди штаби факултет будем. Истиқоматгоҳамон ҳам, хўрокамон ҳам бо муаллимони штаб якҷоя буд. Аммо аз миён ду ҳафта гузашт ё не, сафи мо ҳам, сафи муаллимони ба гурўҳҳои донишҷўён раҳбарикунанда ҳам тунук шуд. Онҳое, ки ба нияти сайру ҳаво омада буданд, бо сабабу баҳонаҳои гуногун ба шаҳр рафтанд.
Гурўҳи Рухсораино аз деҳкада дур, дар паси теппаҳои навободе пахта мечид. Дар давоми як моҳ ўро фақат як бор, шабе ба магазини деҳа барои харид омаданаш дидаму бас. Бегоҳирўзиҳо аз пахтачинӣ баргашта, дар оби ҷўй шустушў мекардаму ба як канори боғ рафта ба

пешина
аз 538
навбатӣ