Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Э-э... Даррав аз ҳамон бача рашк кардед? Тавба.
Китоби дарсӣ буд. Дар китобхона набудаст, вай гуфт, ки ба ман ҳозир даркор не, гиред. Агар ин хел бадрашк бошед, рафта аз қишлоқатон ба ягон духтари хонашин….
– Узр. Ман шуморо ранҷонданӣ набудам. Ҳамту, пурсидам. Умуман, вақтҳои охир дилтанг шудаам...
Ҳамин корҳо кай яктарафа мешаваду ман хотирҷамъ мешавам.
– Вақту соаташ расад.
– Вақту соаташ расад гўён шинаму боз ду даст ба бинӣ намонам?... Не, ман тарафдори талош, кўшиш... Чӣ кор кунам, дадаам раванд?
– Надонам, – гуфт вай бо табассум ба чашми ман нигариста. – Боз даррав хафа шуда нараванд? Одати мо, агар дил кунанд ҳам, як-ду бор рафтан қати рўмолча намедиҳанд.
– Медонам, дар ҷои мо ҳам ҳамин хел. Сонӣ, як вақт гуфта будед-ку, дар шаҳр як амакатон ҳастанд, ба пеши ҳамон кас равам-чӣ?
– Шумо ба пеши он кас рафтан қатӣ чӣ фоида? Он кас шумора надонанд. Агар Ҷўразода ҳамон касро ҳамроҳ мебурданд... Аз Ҷўразода илтимос кунед.
– Надонам, розӣ мешаванд ё не... Рўям намешавад.
Сараввал нагуфтед... Хайр, мебинам. Агар нашавад, дадаам мераванд.
Ман лаҳзае ба рўи вай, ба мўйҳои бирешимвор маҳину пурпечухами вай бо меҳр нигариста, хомўш мондам. Вай шармида, мисли ҳамеша бо итоби дилбарона рўяшро ба тарафи муқобил гардонда, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор