Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Охир онҳо қати шумо нестанд-ку, дур.
– Фарқаш чӣ?
– Дар сари кас дадаю очааш бошад, хешу табораш дар гирдаш бошад, андеша мекунад, ба ҳар роҳ намеравад, мегўянд.
– Ҳим-м... Яъне ба ман бовар намекунанд, дилпур нестанд?
– Хайр, одамони нахондагӣ... Расму одати қишлоқ...
Духтара ҳаждаҳ сол ба хуни ҷигар калон карда, «ҳа»
гўед, «ма» гўён, бароварда диҳанд? Осон не. Худатон духтардор шавед, баъд мефаҳмед! – вай аз гуфтаи худаш хиҷолат кашида рўяшро ба сўи дигар гардонда хандид.
– Кампирҳо барин гап мезанед.
– Хайр, росташро гуфтам.
– Шумо як фикр кунед... бепарво нашавед.
– Аз дастам ҳеҷ кор намеояд. Ихтиёри ман дар дасти падару модар. Гуфта будам-ку...
Ман бо меҳр ба вай наздиктар нишастам. Лаҳзае ба ҳам наздик нишастему баъд бархоста, ба тарафи китобхона раҳсипор гаштем. Ба ёдам омад, ки чанде пештар дар таҳдари бино Рухсораро бо як нафар донишҷўи курси сеюм ҳамгап дида будам. Рухсора ба вай саҳифаи китоберо кушода, бо шавқ гап мезаду ҳар ду механдиданд. Баъди ду рўзаш дар долони донишгоҳ онҳоро ҳамгап дидам. Ҳамон вақт ба ин муомилаи онҳо эътибор надода бошам ҳам, сонитар аз касрати бебарорӣ бошад ё асабоният он воқеа диламро харош дода, дар он тухми рашку шубҳа мекошт.
– Ё ягон ҷавони дигар маъқул шуда бошад...?
– Боз ин гапро аз куҷо ёфтед?
– Ягон романи аҷоиб буд аз афташ, а?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор