Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Рўзи мерафтагиашонро аниқ накарданд. Ба ҳамроҳашон вобаста буд. Гуфтаанд, ки сараш банд.
Шарм надошта дурўғ мегўянд.
– Дурўғ не. Одати мо, агар аз ягон ҷо умедвори хостгор бошанд, ҳамин хел мегўянд. Хайр, баъзан духтардорон бо ҳамин роҳ мефаҳманд, ки ҷазбан талабгор аст ё не. Рафтан гиранд, сонӣ...
– Ҷўразода амакам намешаванд, ки ҳар ҳафта як бор хостгорӣ фиристонам, – гуфтам ман ба киноя. Сонӣ ба нармӣ илова кардам: – Он кас ҳам гуфтанд, ки хостгор фиристам. Остонаи духтардор баланд, одам рафту омад қатӣ якдигарро мешиносад, гуфтанд. Лекин сонитар мегўянд.
– Аз коратон гирифтанашон нағз нашуд. Дадаам нафаҳманд-дия, – гуфт вай бо малолат бар ман нигоҳ накарда.
– Ҳеҷ, гап не, барои шумо ман ҳозирам...
– Чӣ гап доштед? – суханамро буррид вай. Изҳори садоқат ба ў маъқул набуд.
– Ҳамин ғавғоро тезтар яктарафа накунем, намешавад. Бовар кунед, ягон кор карда наметавонам...
Ҳушам...
– Ман надонам, – гуфт вай аз рўи одат оҳиста китф дарҳам кашида.
Аслан, ман ҳам, вай ҳам ягон гапи муҳимму тоза надоштем, фақат ба баҳонаи дидор сухани чандин борҳо дар байнамон радду бадал гаштагиро такрор мекардем.
– Гўед, ки шуморо ба чӣ хел ҷавон медиҳанд? А?
– Хайр, мисол... ҷавони бамаънӣ... баодоб... падару модар, хешу табораш қатӣ бошад... Ҳамин ҷоӣ...
– Ба падару модар, хешу табори ман чӣ шудаст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор