Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Инобат гуфтанд.
– Чиҳо гуфтанд? Аз кӣ шунидаанд? – оҳанги киноядори саволаш равшан буд.
– Вай ба ману шумо дўсти беғараз.
– Дар ҳамин замон дўсти беғараз ҳам ҳаст?!
– Ин хел нагўед.
– Ман ҳайронам, Инобат барои чӣ ба институти мо надаромадаанд. Наздиктар мешуданд.
– Бас, Рухсора.
Хомўшие, ки дар ин хел вақтҳо ба миён меафтод, дер давом намекард, аммо ин бор ману ў дуру дароз хомўш мондем.
– Хайр, чиҳо гуфтанд?
– Гапи гуфтагиашонро дар асл шумо бояд мегуфтед.
«Харидорон» омадаанд, чаро хап гаштед? Ё аз раҳ мезанад, гуфтед? – гила кардам ман. Рухсора аввал қиқирросзанон хандид.
– Гапи ёфтагии дўстатон ҳамин будаст? – вай авзои гирифтаи маро дида, ҷиддитар гашт. – Се кас омада буданд. Ман бехабар, дар танаффус гуфтанд, ки дар таги дар хешонатон мунтазир, тохта баромадаму сонӣ фаҳмидам... Чӣ, калтак гирифта, хай кунам? Диданӣ омадаст, дидан гирад.
– Барои омаданаш ҳеҷ чиз намегўям, ба ман нагуфтанатон...
– Гуфтан қатӣ чӣ мекунед? Беҳуда дилатонро ғаш...
– Садо аз ду даст, Рухсора. Агар ду кас баробар ҳаракат накунем, мушкил.
– Ҷўразода ба хонаи мо рафтаанд, шумо ҳам ба ман нагуфтед-ку?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор