Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чаро мо ин хел диламонро гиронда мондем, ҳеҷ намефаҳмам.
Ҳоло се-чор рўз боз Рухсораро диданиаму раҳашро мепоям, аммо танҳо дучор намеояд. Оқибат ба воситаи Манучеҳр хоҳишамро ба вай расонида, мулоқот таъин кардам.
Заҳри интизориро аз дилдодагон зиёдтар кас намечашидагист. Интизорӣ аз ҷон кандан бадтар аст, гуфтаанд, инро бешубҳа ягон ошиқи сўхтадил гуфтагӣ.
Рухсораро ду соат интизорӣ кашида, бо алам шаб ба хобгоҳ рафтам. Аз қаҳрам ба Манучеҳр дарафтодам, ки вай таъиноти аниқ надодагист.
Бинобар он, бегоҳирўзи дигар, вақте ки Рухсора омад, ман ўро чандон бо хурсандӣ пешвоз нагирифтам.
Вай гуноҳашро фаҳмида, ғубори онро аз дилам бароварданӣ шуд, аммо шўхӣ ба дилам намеғунҷид.
– Духтарбинӣ омадаанд, як даҳан намегўед ҳам, – гуфтам гилаомез баъди он, ки ҳар ду ба роҳи пиёдагарди хиёбон баромадем.
– Кӣ гуфт? Аз кӣ шунидед? – якбора ба ҳаяҷон омад вай.
– Разведкаи мо дар ҳама ҷо кор мекунад.
– Э, гўед, кӣ гуфт?
– Фаҳмидам.
– Аз кӣ фаҳмидед?
– Инаш махфӣ. Сири разведкаро намекушоянд.
Вай қаҳр кардагӣ барин бо нозу итоб аз раҳ бозистоду ба ман пушташро гардонд. Баргашта ба вай рў ба рў шудам, вай боз аз ман рў тофт.
– Оштӣ... Мегўям.
Вай базўр табассум карду ба рўям нигарист.

пешина
аз 538
навбатӣ