Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

омадан фаҳмидам, ки ин корро фақат миёнаравони баобрў ҳал карда метавонанд. Бинобар он, муаллим Ҷўразодаро хоҳиш кардам, ки ба назди падари Рухсора рафта, боре «тақдирҷунбонӣ» кунанд. То он кас фурсат ёфтанду кадом як мўйсафеди ошнояшонро ба ҳамроҳ рафтан розӣ карданд, аз миён як ҳафта зиёдтар вақт гузашт.
Ба қавли худашон, муаллим «оҳани онҳоро хеле мулоим карда» омадаанд. Маслиҳаташон ҳамин шуд, ки ягон сол сабр кунам, худ аз худ ҳал мешавад. Аммо ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки баъди ягон сол чӣ хел худ аз худ ҳал мешудааст.
Баъди ба Ҳалқасой рафтанамон кадоме аз хешовандони Рухсора ба ректор шикоят навиштааст.
Дар ҷаласаи кумитаи комсомол муносибати маро бо Рухсора муҳокима карда, дар асоси шикояти хешовандони духтар сахт огоҳ карданд ва ба ректор тавсия доданд, ки минбаъд маро ба кори лаборатория гузаронанд.
...Чандест, ки Рухсораро дида, ҳамгап шуданиам, аммо ҳеҷ ҷуръат намекунам. Баъди ин гапу корҳо ману вай дар институт рў ба рў шавем ҳам, аз гуфтугў худдорӣ мекунем. Дар атроф ҳама бепарво мегарданд, механданд, ҳазлу шухӣ мекунанд, дўст медоранд, изҳори муҳаббат месозанд, касе ба касе кордор не. Аммо ба ман чунин менамояд, ки агар бо Рухсора дақиқае ҳамгап шавам, ҳама ба сўи мо менигаранд, тамасхур месозанд, пичир-пичир мекунанд. Аҷаб не, дар асл ин хел набудагист, аммо вақтҳои охир, аз чӣ бошад, ба назари ман ҳамин хел менамояд. Ғалатӣ. Ин ҳол фақат дар тасаввури ман аст, гўям, Рухсора ҳам ҳамин хел мегўяд.

пешина
аз 538
навбатӣ