Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар ту майл кунӣ, беҳтарин духтари институтро мегирӣ. Беҳазл мегўям. Хайр, худат медонӣ, духтарони курсамон чӣ хел ба ту дом мепартофтанд... Санавбар омада буд. Ба ин духтар ошиқ шуданатро фаҳмида аз ман илтимос кард, ки як бор ўро нишон диҳам. Диду «афсўс, ҳайфи Вафо» гуфта, рафт.
– Мон ҳамин хел гапҳоро, Манучеҳр, – гуфтам ман дилтангона.
Қаҳраш омаду дигар гап назад.
Аз домани деҳа, он ҷо ки бору киштзорҳо ба теппазорҳо пайванд мехўрд, мо ба ҷодда баромадему ба кабинаи мошини боркаше нишаста, ба шаҳр расидем.
– Ғам нахўр, – гуфт Манучеҳр вақте ки ба хобгоҳ наздик омадем, – аламашонро гирифтанд-дия. Ин ҳам ба фоидаи ту. Дар деҳа ин моҷаро хоҳ-нохоҳ овоза мешавад, нархи духтарашон мешиканад, маҷбур ба худат медиҳанд. – Вай лаҳзае ҳуштаккашӣ карду сонӣ тахмини дигарашро баён кард: – Ба фикрам, гапашон ба Рухсора нагузаштагӣ. Агар гапашон ба вай мегузашт, ин қадар ба мо сахт намерасиданд. Ҳа гўй, Рухсора ҳам сахт гирифтагӣ!
Ман ҳеҷ чиз нагуфтам. Тахмини сонии вай диламро андаке равшан карду бас.
Аз таассуроти нохуши ин воқеа хеле вақт ба худ омада натавониста, маъюс ва пакар будам. Баъзан аз ин орзу ноумед мешудам, аммо ҳис мекардам, ки ман бе умеди муҳаббати Рухсора зиндагӣ карда наметавонам.
Агар аз вай умедамро канам, бояд ки аз ҳама чизи дигар дил бардорам. Аммо ин гуна лаҳзаҳои ноумедиам як-ду соат беш тўл намеёфт. Боз ягон чораи дигаре меёфтаму умедам аз нав реша мегирифт. Баъди ба Ҳалқасой рафта

пешина
аз 538
навбатӣ