Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
бенатиҷа ва бемаънӣ, як рафтори ба худи ин одамон зарарнок аст.
Ба Ҳалқасой рафтани ману Манучеҳр сирф зиёни корамон гардид. Ба гуфтани шарҳи он ғавғо забон намегардад. Дар ҳавлии тағои Рухсора моро миёнагир карда, чунон суханони пасту баланд гуфтанд, чунон беобрў карданд, ки поямонро кашола карда, ба азобе баромада омадем. Қумғон барин муштҳояшонро ба таги биниамон оварда, дўғу дабара кардани калонсолон кам набуд, ки ба кўча бароем, аз қафоямон бачаҳо сангғурронӣ карда, сагонро гиркиш дода, то хеле роҳ оварда монданд. Мо ба истгоҳи автобус набаромада, аз байни боғу киштзорҳо гузашта ба сўи шаҳр роҳ гирифтем. Истгоҳи автобус дар маркази деҳа, дар ҷои серодам. Мо тарсидем, ки мабодо бачаҳо моро дар байни мардум беобрў кунанд.
Ман ҳушу беҳуш қадам мемондам. Дунё дар назарам торик, ҳаёту зиндагӣ — бешафқат, аз ҳастиам нафрат мекардам. Ба ман чунин менамуд, ҳеҷ як ҷавонмарди баномус ба ин хел хорӣ тан намедиҳад. Бояд ягон кор кунам, аммо чӣ кор карданамро намедонистам.
Манучеҳр дашном қатӣ дилашро холӣ мекард. На гўри падару бобояшон монд, на ўсмаю сурмаи модару модаркалонашон, ҳамаро олуда кард. Оқибат, аламаш паст нашуд магар, ба ман рў овард:
– Ба ман нигар, Вафо, баъди ин қадар гапу кор, наход ки боз бо инҳо хешу табор шавӣ?! – вай ба чашми ман нигариста мазмун гирифтанӣ шуд. Сипас хомўш мондани маро дида гуфт: – Намешавад, дурри ноёб бошад ҳам, аз баҳраш баро! Вай хоҳараш чиҳо гуфт...
Аслан ба ту ҳайронам, ба куҷои вай ин қадар шайдо шудӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор