Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин суханон аз рўзномаи солҳои донишҷўиам.
Онро қариб чор сол пеш аз ин навиштаам. Дар он айём чӣ идеалҳои олӣ, чӣ орзуҳои баланд доштанамро имрўз ба хотир оварам, аз хиҷолат таб мебарорам. Чаро андешаҳои пешинаам ҳоло хандаовар ва содалавҳона менамоянд? Чаро ин хел? Чаро аз хурдӣ чашми моро ба зиндагии воқеӣ намекушоянду дар тасаввури мо ҳама корро осон, ҳаётро бемонеа ҷилва медиҳанд? Дар натиҷа аз қадами аввал дар зиндагӣ ба чунон кашмакаше дучор мешавед, ки сарҳисобатонро гум мекунед! Дирўзакак ба суханони маслиҳатомези ректор дар дил хандида будам.
Як моҳ нагузаштаст! Имрўз мегўям, ки баъзе суханони он кас ҷон доштагӣ барин. Муаллимон, раҳбарон, аксар шиносҳо аз дилбастагии ман ба Рухсора хабар ёфта, ҳардуямонро ҳам нафоронда истодаанд. Маро бештар, ўро камтар, маро андаке пинҳонӣ, ўро ошкоро.
То имрўз Рухсора аз донишҷўёни умедбахш буд, аммо ҳоло кам-кам аз назар афтода истодааст. Мегўяд, ки баъзеҳо ўро хуш намекунанд, ким-чӣ хел заҳрханда ва муомилаи сард доранд. Сабаби ин гуна муомиларо ман намефаҳмам. Ба рашк монанд ягон чиз будагист мегўям.
Ё Ҳамту, аз рўи одат бошад, кӣ медонад. Бадии кор дар он ки ин хел муомилаи онҳоро худи Рухсора пай бурдааст. Ман намехоҳам, ки вай аз институт, аз атрофиён дилмонда шавад ва як умр айёми донишҷўии худро бо озурдагӣ ба ёд оварад. Не, вай бояд дар дил нисбат ба одамон қудурате надошта бошад, ба некӣ ва накўкории мардум, ба адолати ҳаёт бовар кунад.
Бале, инҳо ҳама хараҷу мараҷи ночизанд ва набояд маро ба гирдоби худ кашида, аз роҳи равиши асосиам берун кунанд. Аз дусар, бадкорию бадгумонӣ кўшиши

пешина
аз 538
навбатӣ