Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мегўянд. Гумонат гапу кори Лайлию Маҷнун ҳамааш рост аст? Нисфаш дурўғ.
– Не, дўстам, бедурўғ, бе ваъдаҳои пуч.
– Шуд! Аммо як имконият аз даст рафт, – баъд замзама сар кард: – Ваъдаҳо-о, ваъдаҳои ширинат...
Хўш, кай меравем? Пагоҳ равем-чӣ? Рўзи истироҳат, бекорӣ, а?
– Майлаш. Аммо ба куҷо, ба назди кӣ меравем, таъин не, – боз шубҳаи худро гуфтам.
– Э, парво накун! Оба бину мўзая каш, гуфтаанд. Ба деҳааш равем канӣ. Пурсуҷў карда, одами даркориамонро меёбем. Гап якта: пагоҳ рафтем!
«Рафтем аз ин боғ ҳаҷри ту ҳосил...доғи Ҷудоӣ...»
– Рухсораро хабардор накунам?
– Не-е, корро вайрон мекунӣ. Чӣ, вай рафта талабгорони ман меоянд, пешвоз гиред, мегўяд?! – заҳрханда кард Манучеҳр.
– Аз эҳтиёт пурсидам-дия, – баъди хеле хомўшӣ гуфтам: – Ё ягон одами калонсолтарро ҳамроҳ гирем?
– Мо хостгорӣ намеравем-ку, чӣ даркор? Ин ҳамту, разведка... Натарс, ба ту барин ҷавон ҷон гуфта духтарашро медиҳад. Як бор худата нишон доданат даркор, фаҳмидӣ?
Ҳамин тариқ, Манучеҳр маро дилпур карду ҳар ду ба Ҳалқасой рафтанӣ шудем.
-
ОСТОНАИ ДУХТАРДОР БАЛАНД АСТ!
«...Агар дар зиндагӣ буду нобудамро ба гарав монда,
ҳақиқатро гўям, қадами одилонае бардошта, дасти
афтодаеро гирам, аз ҳаёт розӣ, хурсанд ва хушбахт мебудам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор