Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хайр, биё мон, бало ба пасашон. Бигў, кай тўй мекунӣ? Як бор шикамсерӣ коняк зада, муддаои табъ рақсам! – вай дар ҷои нишастагиаш бо шавқ ба рақс даст кушода, китфҳояшро моҳирона ларзонд.
– Ту ба ман маслиҳат деҳ, чӣ кор кунам? Бо ин духтар сарҳисоби корамро гум кардам... – аз гап гап барояду шояд ягон маслиҳати дуруст диҳад гуфта, аз вазъи муносибатам бо Рухсора ўро хабардор кардам. Дар охир таъкид намудам: – Барои ман фақат як роҳи ҳалли ин мушкил ҳасту бас, ин ҳам дили падару модари ўро ёфта, илоҷе сохта, онҳоро розӣ кардан.
– Дар ин ҷо, дар шаҳр истода, ҳеҷ кор карда намешавад, – гуфт вай қатъӣ, гўё илоҷи корро аниқ медониста бошад. – Меравем. Ба Ҳалқасой рафта, интур аз чапу росташ гузашта, бинем, канӣ. Чӣ кор кардан даркор сонӣ маълум мешавад.
– О, ману ту ба он ҷо чӣ гўён меравем?
– Парво накун... Меравем. Ту баҳузур дар чойхона чой хўрда мешинӣ. Ман худам мефаҳмам. Ягон хешу табори гапфаҳм доштагист? Корро аз вай сар мекунем.
Хўш, ба ман нигар... сару либоси дурусттар пўшиданат даркор! Сонӣ, ман туро ба онҳо номзади илм мегўям, боз ту...
– Не, не, илтимос, бе ҳамин хел «нағмаҳо».
– Ба ин аҳвол як умр азобата кашида гард! – вай дақиқае димоғ тоб дода нишасту сонӣ маслиҳатомез гап сар кард: – Ҳой, Вафо, ҷўраҷон, дар ин хел маврид камтар рангу бор дода, воҳима накунӣ, намешавад. Як мақол ҳаст-ку, бепардоз очаата ба додот нишон нате,

пешина
аз 538
навбатӣ