Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ман хандида ба тасдиқ сар ҷунбондам, яъне, гап зан, гуфтам.
– Хайр, ту аз дусар дилат пур, ки як рўз хиёбони холии институтро ҳайкалат оро медиҳад. Аммо ман чӣ?
– Ин чӣ гуфтагиат? Боз ин гап аз куҷо?
Пай бурдам, ки дар таги ин гапи ҳазлона гуфтагии вай ягон дард ҳаст.
– Надонам, мардум гап мезананд. Ба ту «ҷигари институт» лақаб додаанд. Аз семинари ту баҳои дуруст гирифтан мушкил будаст. Хусусан, аълочиёнро чашми дидан надоштаӣ. Стипендияашон қариб баробари моҳонаи ман гўён ҳасад мебурдаӣ.
– Манучеҳр! Ҷўра, ҳазл ҳам ба эбаш! – якбора аз қаҳр ларзидам.
– Ҳай-ҳай, худатро дор! – қоҳ-қоҳ зада хандид вай. – Аз ман домангир нашав, ҷўра, ин гапҳоро аз дигарон шунидаму қаҳрам омада, ту барин ба якта-дутааш дарафтоданӣ шудам. Баъд худ ба худ гуфтам, ки канӣ, аввал аз худаш як даҳан пурсам. Мегўянд, ки ҳатто гапи муаллимони калонро ба инобат намегирифтаӣ? Боз гапи мўл... Ана, дар бораи вай... – ба ишораи чашму абрў «маҳбубаат» гуфт.
– Агар ба ғайбати мардум гўш кунӣ, гап бисёр, — гуфтам ман чӣ ҷавоб доданамро надониста.
Дилам ғаш буд, бештар ғаш кард. Ин гапҳо барои одами каму беш таҷрибаи зиндагӣ доштагӣ огоҳии ҷиддӣ буд, аммо ҳамон вақт онро дуруст андешида, хулоса бардоштан ба ёдам ҳам наомад. Чунон ки мегўянд, аз ин гўшам даромаду аз он гўшам баромад.
Пешхизмати ошхона хўрок овард, хўрокро хўрдем, Манучеҳр дар бораи кадом ҳофизи ҷавон ҷоғ зад, аммо ман хотирпарешон менишастаму ба ҷуз тасдиқу инкор ҳарфе намезадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор