Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ман раҳораҳ гўшам ба сухани Манучеҳр, худ ба худ фикр мекардам. Манучеҳр ҳам аз ягон нобарорӣ, нокомӣ ва ё беадолатӣ ғамгин мешуда бошад? Дар давоми панҷ сол ягон бор дар ҷабини вай гиреҳ надидаам. Осмон ба замин фурў афтад, ҳайрон мешавад, балки «аҷоиб» мегўяд, аммо афсўс гуфтанаш даргумон.
Тавба, агар вай ба духтаре ошиқ шаваду маҳбубааш Рухсора барин бошад, «худат ошиқ шудӣ, худат сарҳисобата ёб» гўяд, чӣ кор мекарда бошад?.. Ба ошиқ шудани Манучехр ҳеҷ кас бовар намекунад. Ба ягон духтар ҷазман ошиқ шуданаш ҳам даргумон. Ишқаш ҳам масхарабозӣ... Инобат қатӣ як-ду бор дидам.
– Ҳой, агар ман қатӣ мегаштагӣ бошӣ, ҳушата ба ман кун! – китфаш қатӣ маро такон доду риштаи хаёламро бурид вай.
– Мегўянд, ки ту бераҳбари илмӣ мондаӣ? – худро ба даст гирифтаму бештар барои он ки ягон чиз гўям, аз вай пурсидам.
– Ҳеҷ гап не, сар амон бошад, тоқӣ ёфт мешавад.
Ҳозир ба корҳои дигар бандам.
– Чӣ хел корҳои дигар? Агар махфӣ набошад?
– Маҳфили ҳаваскорон, – вай ҳайрон шудани маро дида, гўё шарҳ дод: – Ҳаваскорони санъати нафиса.
Ман бо тааҷҷуб ба рўи вай нигаристам.
– Чӣ, ганда аст?
– Надонам, – гуфтам ман ҳайратам афзуда, сонӣ ақидаамро баён кардам: – Охир ту олим шуданӣ, ягон маҳфили илмиро ба зимма гир.
– Ҳамин қадар дилхун шуда хонаму боз дар маҳфил ҳам гапи илм?.. Не-е, ин қадараш ба мо ҷудо вазнинӣ мекунад. Ту баринҳо дар институт кам не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор