Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

вай бофурҷа либосашро мепўшад. Дар либоспўшию либоскашӣ шитоб кардани ўро ман дар тасаввур ғунҷонда наметавонам.
– Марҳабо-о-о, эй ҷўраи ҷон, марҳабо-о-о! – аз рўи одат вай бо созу тарона, артиствор даст кушода, ба таъзим хаму рост шуда, маро пешвоз гирифт. – Аҳволи шариф? Табъи латиф?
– Дилтангам, чӣ кор карданамро надониста, ба хонаи ту сар халондам. Хайрият гўям, ё ба ягон ҷо равонаӣ?
– Ман омадаам ба хонаи ту, эй дўст, куҷо равонаӣ ту?
– ин дафъа ҷавоб аз ким-кадом як опера омад. – Ман на фақат камар бастаю дасту остин бар зада, ҳатто бандҳои туфлиамро аз се ҷояш сахтакак баста, ба хизмати ту ҳозиру нозирам, ҷўраҷон! Баъд вай аз мўю рўй ва сару танаш қаноатманд шуд магар, дар рў ба рўи ман ба курсӣ нишасту ба чашмонам чашм дўхт: – Хўш, ба куҷо?
Ба боғ? Рақс мешавад. Намехоҳӣ. Маълум. Рақсида наметавонӣ. Шарм медорӣ. Сонӣ... аз ун кас ҳам метарсӣ.
– Ман гуруснаам. Аввал ба ягон ошхона даромада, хўрок хўрем-чӣ? Ана, сонӣ ба маслиҳат ягон кор мекунем. Мусулмонӣ ба шикамсерӣ, мегўянд.
– Э, барвақттар ҳамин гапатро намегўӣ! Ҳатто банди туфлия набаста, аз хона мебаромадам! – вай гапҳоро ба як оҳанги махсуси худаш, на ҷиддии ҷиддӣ, на ҳазломез чунон мегўяд, ки нахандида илоҷатон нест. – Шаби якшанбеи беташвиш, ду шиша пиво, ё ягон... «шишаи май дур аз он лабҳои майгун мегирист, то дили худро каме холӣ кунад, хун мегирист», – боз ба тараннум даромад вай.
Мо ба ошхонаи боғ рафтем.

пешина
аз 538
навбатӣ