Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пештар чойхона ҷои сўҳбату вохўрӣ, ҷои истироҳату дилкушоӣ буд. Ҳар як маҳалла чойхона дошт, мардон аз кор омада, бегоҳӣ вақташон холӣ бошад, ба чойхона мебаромаданд. Сўҳбат, чақ-чақ, ошхўрию ошпазӣ, муҳокимаи хабару воқеаҳои нав, шоҳмотбозӣ, рўзномахонӣ, хулласи калом, чойхона вазифаи чандин муассисаи имрўзаро анҷом медод. Ба назари баъзеҳо ҳамин чойхона ҳам нишонаи феодализм барин намуду пасопеш дарашро бастан гирифтанд.
Якта-нимта мондагиашро ҳам аз маҳаллаҳо дур бурда, боз чунон модернизатсия кардаанд, ки ҳеҷ напурсед...
Чойхона гўянд, оҳангсози пир Самимӣ ба ёд меоянд.
Дар кадом мавзўъ гап зананд, дар суханашон «чойхона»
ҳаст: «Дина аз чойхона баромадам, ки...», «дар чойхона менишастам, ки...» ва «як бегоҳ ба чойхона набаромада, дар хона менишастам, ки...». Рўзе шўрои бадеии Иттифоқи бастакорон операи нави як бастакори ҷавонро муҳокима мекардааст. Оҳангсозон ба асари нави ҳамкасби ҷавони худ хеле эродҳои ҷиддӣ гирифтаанд. Сонӣ мўйсафед Самимӣ сухан гирифта, боз гап аз чойхона сар кардаанд: «Гўш кун, ман ба ту ҳанўз ду моҳ пештар дар чойхона гуфта будам…» Чунон ханда шудаст, ки ҳеҷ монед.
Ман бо ҳамин андешаҳо беихтиёр рафта, хонаи Манучеҳрро кўфтам. Вай дар назди оина пасу пеш гашта, либоси пўшидаашро бо диққат аз назар мегузаронд. Агар ҳозир гўянд, ки шаҳрро сел мебарад,

пешина
аз 538
навбатӣ