Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
хандида наметавонанд, фақат одам хандида метавонад, аммо ку он ханда?! Аз одамони атрофи ман фақат Манучеҳр, ба қадре ки барои инсон зарур аст, механдад.
Муаллим Ҷўразода ҳам агар аз ягон чиз ба ваҷд оянд, кўдаквор печутоб хўрда механданд, аммо аҳён-аҳён ин хел ҳолат рўй медиҳад. Ёд дорам, боре чӣ гуна мўрчаҳоро мушоҳида карданамро гуфтам. Мўрчаҳо ҷасади мурдаашонро аз хона дур меандозанд. Барои таҷриба ман аввал мўрчаеро нимҷон карда, ба назди мўрчахона мондам. Мўрчаҳо ба вай кордор нашуданд.
Онҳо ба мўрчаи навмурда ҳам эътибор надоданд. Аммо мурдаи кўҳнаро фавран аз мўрчахона дур меандозанд.
Ман мўрчаеро ба даруни мурдаҳои кўҳна андохтам ва баъди чанд муддат онро озод кардам. Ҳамин ки мўрчаяк ба хона наздик шуд, ду-се тан аз ҳамҷинсонаш ўро кашолакунон ба ҷои мурдапартоӣ бурда, партофтанд.
Мўрчаяк боз баргашта омад, вале онҳо ўро боз ба «гўристон» оварданд. Аз мўрчаяк ғолибан бўи мурда меомад, ки ҳамҷинсонаш то хеле ўро ба хона наздик шудан намонданд. Инстинкт... Ҷўразода инро шунида, чунон ба завқ хандиданд, ки мабодо нафасгир мешаванд, гўён тарсидам.
Манучеҳр тобистон баъди дипломашро гирифтан ба кор таъинот гирифта рафту баъди як моҳ боз дар институт пайдо шуд. Гуфт, ки ба аспирантура дохил шуданӣ. Бо ҳамин дар як гўшаи донишгоҳ даробаро карда гаштаст.
Ин бегоҳӣ дилтангона чӣ кор карданамро намедонистам. Ба куҷо равам, ки камтар дилам кушода шавад, гўён ҳайрон будам. Кафею ресторан барои серпулҳо ҷои дилхушӣ аст. Баъди супоридани имтиҳони давлатӣ чор кас як бор даромада, кам-кам аз шаробаш нўшидему сонӣ пуламон нарасида, қариб шарманда шуда будем, ки хайрият, аз факултети ветеринарӣ як бача даромада омаду аз вай қарз карда ҳисобу китоб кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор