Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин аз миён муддати дарозе нагузашта буд, ки ман маҷбур шудам ин воқеаро боз ба ёд орам. Ба ёд орам, ки чӣ гуна Исрофилзода барин муаллим «обрўи сардори гурўҳро нигоҳ доштан даркор, ба он кас сахт нарасед»
гуфту ман нописандӣ кардам. Сухани онҳоро ба замин задан чӣ маънӣ дорад, сонитар фаҳмидам. Аммо чӣ илоҷ, ман ҳамон вақт ҳам, баъд аз ин ҳам дигар хел рафтор карда наметавонистам. Агар гўянд, ки ҳаётатро аз дигар сар кун, ман боз ҳам ин муомиларо такрор мекунам.

  1. МАНУЧЕҲР

Агар ман дар дунё ба касе ҳасад бурда бошам, ҳамин
Манучеҳр, рафиқи ҳамкурсам. Дар соатҳои дилтангӣ
борҳо ўро ба ёд оварда, таскин ёфтаам. Мо – ҳама кор
мекунем, мехонем, фикр мекунем, аз баҳсу талош, аз
бедардию фориғболии одамон, баъзан аз пичингу киноя,
аз нигоҳҳои ғаразнок дилтанг ва асабонӣ мешавем ва
оқибат дар поёни рўз хастаю лакот гашта, ба хонаҳои
худ паноҳ мебарем. Мо хурсандӣ намекунем ва хушнудӣ
намеҷўем. Аммо Манучеҳр гапи дигар! Вай аз ин доира
берун, вай мудом барои худ василаи хурсандӣ ёфта
метавонад. Ман дар давоми чандинсола шиносоӣ
хандаи беғубори баъзе одамонро надидаам. Гўё мардум
хандиданро фаромўш кардаанд. Баъзан мебинед, ки
одамон заҳрханда мекунанд, писханд мезананд, лаб каҷ
менамоянд, аммо хандае, ки аз дили кас гиреҳ кушояд,
кам ба гўш мерасад... Ҳайвон намехандад, мурғон ҳам

пешина
аз 538
навбатӣ