Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Вале аз қадамҳои аввал маълум буд, ки муҳити маънавии ҳозира дар институт густохию баъзе худсариҳои маро намепарварад. Ман аксар дар олами андешаҳои худ, нисбат ба атрофиён беэътино муомила мекунам, ки инро аллакай нафоронда истодаанд.
Рафиқам Манучеҳр, ки панҷ сол ҳамроҳ дар як курс хондему хислати маро нағз медонад, баъзан омада, маро насиҳат мекунад. Ҳис мекунам, ки вай гапҳои дигаронро дар ҳаққи ман шунида, сари вақт огоҳ карданӣ аст.
Аммо чӣ чора, одамизод аз ақида ва бинишу фаҳмиши худ ба осонӣ даст намекашад. Баъзан дилтанг мешаваму фарёд карданам меояд: маро ба ҳоли худ монед!
Бо донишҷўёни курси дуюм машғулияти семинарӣ доштам. Сардори ин гурўҳ дар институт яке аз ҷавонони фаъолу ташкилотчӣ буда, қариб ягон ҷамъомад ва чорабинии донишҷўёни факултет бе фаъолияти вай намегузашт. Дар аввал ба машғулияти ман иштирок накард, сабаб овард, ки бо ким-чӣ хел чорабиниҳо машғул аст. Сонӣ, дар яке аз машғулиятҳо ба саволе ҷавоб доданашро хоҳиш кардам. Маълум шуд, ки вай тамоман аз ин гапу корҳо бехабар, ба дасташ китоб нагирифтааст. Аз дилпурии беасоси вай ман ҳайрон, аз ҷасорату бебокии ман вай дар тааҷҷуб буд. Баҳои «ғайри қаноатбахш» монда, гуфтам, ки ҳамаи мавзўъҳоро пурсида, сонӣ баҳояшро ислоҳ мекунам.
Ҷои он, ки дар пеши синф ҳамчун сардор барои семинарро тайёр накарданаш шарм кунад, баръакс вай бо ситеза ба ман тундӣ кард. Ҳайрон шудам.
Ин гуна гуфтушунид байни муаллим ва донишҷў рўй доданаш ҳеҷ аҷобате надорад. Баъзе ҷавонони кундзеҳну худписанд барои бе барориашон аксар аз муаллимон домангиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор