Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ба варсоқигўӣ одат кардаанд, дониши аниқ надоранд.
Сипас, якчанд нафар ин гуна баҳои паст гирифтагиҳо бо шикоят ба декан рафтаанду муаллимони мазкур даъвои онҳоро қувват додаанд. Гўё ман китобҳои дар қуттии аттор набудагиро бар хондан ба онҳо тавсия додаам ва саволҳои ман ҳам берун аз барномаи таълим будааст ва ғайра ва ҳоказо. Ҳамон вақт декан ба онҳо чӣ ҷавоб доданаш ба ман торик монд. Сонитар Наимӣ дар як машварати муаллимон ақидаи онҳоро дар бобати тавсияи китобҳо танқид карда, тариқи кори маро тарафдорӣ намуд.
Баъди як ҳодисаи дигар онҳо дар ин хусус аз сари даъво гузаштанд. Воқеа ин тавр шуд: рўзе ба хонаи муаллимон даромадам, ки декан Обидӣ ва Солеҳовро ба чӣ коре розӣ карданӣ мешуд.
– Худатон медонед, дина аз курорт омадам. Ба ғайр аз ин, ман намефаҳмам, барои чӣ яку-якбора ба дарси ман медаромадаанд? Мо аз конкурс гузаштагӣ... – Обидӣ дар курсии роҳат нишаста, зону ба зону зада буд.
– Маҳз ба дарси шумо даромаданӣ нестанд, омадаанд, ки бо кори мо шинос шаванд. Ҳозир дарси шумо будаст,
– ҷавоб дод Наимӣ. Аммо гапи Обидӣ дар хусуси конкурс ба декан сахт расид магар, баъди лаҳзае бо ҷадвали дарс андармон шудан гуфтанд: – Ду дафъа боз ҳамин ки конкурс сар шуд, шумо бемор мешавед-ку, домулло…
– Ана, ба дарси ин кас дароянд, – Солеҳов гардани дарозашро монанди мурғобӣ ёзонда, ба ман ишора кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор