Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Охир, ин кас ассистент, машғулияти семинарӣ мегузаранд. Шумо муаллимони ботаҷриба истода, ба дарси ассистенти навкор таклиф кунем, ректор чӣ мегўянд? – зарда кард Наимӣ.
– Э, намоянда ба дарси мо даромада чӣ мегўяд?
Акнун ба мо ақл ёд додан бефоида. Ҷавонон гапи дигар.
Инҳоро тарбия кардан даркор. Аз маслиҳати нағз як дунё баҳра мегиранд, – гуфт Обидӣ монанди ҳамеша ба рўи ман нигоҳ накарда. Ин одам чунон бо виқор мегардад, ки салом диҳед, ба зўр сар ҷунбонда мегузараду нигоҳ намекунад, ки салом додагӣ кӣ буд.
Вай маро ҳам ҳанўз аз қатори донишҷўён набаровардааст, ягон бор ба рўям нигоҳ намекунад.
– Наврўзов, дарс доред? – Наимӣ ноумедона оҳе кашиду ба ман рў овард.
– Соати аввал буд, гузаштам.
– Ба ҷои ман дароянд, – зуд чораҷўӣ кард Обидӣ.
Наимӣ лаҳзае хаёл карду сонӣ гуфт:
– Тайёр шавед, ба курси якум ба ҷои домулло дароед.
Танаффус шавад, донишҷўёнро огоҳ кунед, комиссия медарояд. Аз академия олимон омадагӣ, – декан ба чашмам нигариста, «оё ту тайёрӣ?» гуфтагӣ барин табассум карданду сипас барои тасаллии дил таъкид намуданд: – Барои шумо ин имтиҳони ҷиддӣ. Дар ин хел маврид худатонро нишон диҳед.
– Барои ин кас сабақ мешавад, аз маслиҳатҳои онҳо баҳра мегиранд, – ҳамон ба тарафи ман нанигариста, ғурунгос зад Обидӣ. Ҳоло вай тану тўши ниҳоят фарбеҳашро ба курсии роҳат партофта, бемалол сигарет дуд мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор