Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шарафёб гашта буд, кам-кам аз даст медод. Имрўз, махсусан пешрафти илмҳои генетика ва биохимия, аз сари нав ҷавонони қобилиятнокро ба факултетҳои биологӣ шавқманд кард. Албатта, талаботи ҷамъият ҳам бетаъсир нест.
Ҷидду ҷаҳди шогирдон маро хурсанд мекард.
Андешаю хулосаҳои аксари онҳо қолибзадаю пеши по афтода набуд. Муаллим шогирди қобилиятнокро аз беқобилият зуд фарқ мекардааст. Одами соҳибистеъдод бештар ҷиҳатҳои торик ва ҳанўз номаълуми ягон масъаларо гўяд, шахси беистеъдод баръакс, фақат он чизҳоеро мегўяд, ки кайҳо исбот шуда, дар он ҷои шубҳа намондааст. Омўзиш ва ҷустуҷўи ҷавонони аз худам сечор сол хурд ва қисме ҳамсол табиист, ки маро тамом ба худ ҷазб мекард. Онҳо андеша ва таклифҳои ҷиддӣ, баъзан аҷиб ва бебокона пешкаш мекарданд. Ин ҷавонони дорои маънавиёти ҷасур аз рўирост гуфтани тахмину фаразияи худ ибо намекарданд, бо маслиҳату машварат, баҳсу талош дар куҷо бинанд, бемалол ба наздам меомаданд.
Баъзан кас ҳайрон мешавад. Ҳамкорон сад кори савобатонро намебинанду як ғалататонро парчам мекунанд. Ба кас алам мекунад. Сахтгирию серталабии ман ба як қисм донишҷўён ва муаллимон хуш наомаду эътироз карданд. Пеш аз ин, барои баҳои баъзеҳоро паст монданам Исрофилзода ва Обидӣ чанд бор ба ман гапгузаронӣ карда буданд, аммо ман садои виҷдонамро хомўш карда натавонистам. Ба онҳо як хол зиёд монам, ба дигарон ҷабр мешавад. Баъди ин гуна беадолатӣ чӣ хел ба рўи онҳо менигарам?! Не, барои муаллим адолат силоҳи аз ҳама зарур, бе он вай ҳеҷ аст... Ман донишҷўёни норозиашонро дубора санҷидам.

пешина
аз 538
навбатӣ