Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Одам қадри худро надонад ҳам мушкил будааст! – Самеъзода бо таассуф сар ҷунбонданд, баъд рў турш карда, даст афшонданду ба ҷои худ нишастанд.
Ман он рўз дар рў ба рўи ректор нишаста, суханони он касро шунида, фикр мекардам, ки ҷиддан мегўянд ё аз рўи вазифадорӣ ҳамин хел гуфтанашон зарур аст, бинобар он, мегўянд. Ҳар чи ҳам бошад, он кас ҳақиқати талхи зиндагиро бепарда ба ман гуфта буданд.
Аммо ман ҳамон рўз суханони он касро шунида, дар дилам ба соддадилии ректор хандидам. Сонитар ин сўҳбатро ба ёд оварда, гўё ягон масъалаи дандоншиканеро ҳал мекарда бошам, фикр мекардам.
Кӣ медонад, аҷаб не, ректор ҳам ба тарзи худ ҳақ бошанд?
Ҳамон рўзҳо ректор Рухсораро ҳам ба назди худ ҷеғ зада, насиҳат кардаанд. Суханони ба вай гуфтагиашон ҳам ба нафъи мо набуд. Аммо фақат ману вай ҳис мекардем, ки ҷудоӣ чандон осон не, он барои мо баробари бадбахтии калон аст.
Бо вуҷуди ин, баъди гуфтугў бо ректор Рухсора хислатҳои аҷиб пайдо кард. Аз ҳар чиз, аз ҳар як духтару зане, ки бо ман ҳамгап медид, шубҳа мекарду фавран омада мегуфт, ки маро диданӣ, гапи зарур дорад. Баъд маълум мешуд, ки ҳеҷ гапи зарур надораду фақат шубҳаю гумони беасос дили ўро харошидааст.
Боре ман аз Рухсора пурсидам, ки чаро падару модараш хушбахтии моро намехоҳанд, нияташон чист?

пешина
аз 538
навбатӣ