Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Надонам, – гуфт вай андешамандона сарашро ба як тараф андаке хам карда. Аммо аз авзоаш аён буд, ки медонад.
– Охир, худатон медонед, дар аввал муқобил набуданд, тағоятону апаатон омада, маро дида рафтанд...
Аввалҳои сентябр буд. Рўзе Рухсора хабар овард, ки хешовандонаш омада, маро диданианд, фардою пасфардо ба кор сарулибоси дурусттар пўшида оям.
«Гум кунед, ин кафша, – гуфт вай ба туфлии кўҳнаи рангдодаи ман бо кароҳат нигариста. – Аз афташ пули ёфтагиатон ба ресторан меравад!» – вай ба чашми ман маломатомез нигарист. Чӣ ҳам гўям, мисли дигарон вай ҳам гумон мекунад, ки ман дар донишгоҳи олӣ кор мекунам, моҳонаи калон дорам. «Онҳо тарафдори шумо, худатонро надида, маъқул... ба дадаам таъриф карданд.
Аммо дадаам бо кадом як ҷўраашон қудо мешавем, гуфтагӣ аз афташ. Вай бача дар Москва аспирант будаст. Боз кӣ медонад. Мумкин барои ҳамин дудилаанд», мегуфт вай. «Тағоям шуморо дида, гапзанон карданианд. Нашиносанд ҳам, ба дадаам тарафи шуморо гирифта, гап заданд. Гуфтанд, ки бачаи нағз будаст, нағз хондаст, ки ба ҳамин хел институт ба кор гирифта мондаанд». «Дадаатон чӣ гуфтанд?» – пурсидам ман. «Дадаам гуфтанд, ки... – вай лаҳзае ғулунгхоӣ карду сонӣ ночор иқрор намуд: – Гуфтанд, ки ҳеҷ касаш нест, танҳо, бе пуштупаноҳ... Сонӣ як рўз духтарама мегираду ба қишлоқаш меравад... ман ба дидораш зор...» Вай аз гуфта пушаймон барин нигоҳашро аз нигоҳи ман гурезонда, бо нохунаш андармон шуд. Ман боз таҳковӣ карда пурсидам: «Боз чиҳо гуфтанд?

пешина
аз 538
навбатӣ