Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
якдигарро агар писандида бошанд, кори хуб, ҷавон меарзад... Аммо вай дар назди ман шартҳои худашро монда, гаранг карда нишаст. Аз институт ба ҳеҷ ҷои дигар наравад, аз шаҳр ҳавлӣ гирад, боз як дунё ултиматум. Бародар, гуфтам, ман барои шумо кистам, – ректор бо тамасхур хандида хомўш монданд. Сонӣ ба ман рў оварданд: – Биё, аз баҳри ҳамин савдо гузар, – он кас якбора ба «ту-ту» гузашта, ҳукм карданд. – Дар институт агар тавонӣ, бегапу калоча хонадор шав. Не, агар кор ба ғавғою ҷанҷол гузарад, нағз намешавад, – ректор аз роҳгардӣ бозистода, ба рўи ман зеҳн монданд.
Ман нигоҳи норозиамро гурезондаму ҳарфе назадам. – Сари хамидаро шамшер набуридаст.
– Ҳар чӣ ҳам бошад, ту дар институт кор мекунӣ, вай шогирди ту, мардум ин ғавғоро шунида, чӣ мегўянд?! – оташин мешуданд он кас. – Ҳар касе, ки дар ин ҷо кор мекунад, бояд шахси аз шубҳа пок бошад!
Намегўям, ки ту ба дўстдорӣ ҳақ надорӣ. Марҳамат, хонадор шав, ҳамсаратро дўст дор, аммо... – ректор бо ангушт ба рўи миз таблакзанӣ карданд, ки маънии он, огоҳ мекунам, сонӣ аз ман наранҷ гуфтанашон буд.
Лаҳзае ҳар ду ҳам фикр карда мондем. Сонӣ он кас бо овози пасттар ва оҳанги дигар гуфтанд:
– Ба духтар каҳтӣ наомадаст, ягонта ба худат муносиб, духтари ҳозирзамонро ёфта, маъқул куну овозаю дарвоза накарда, ба пеши худам биё, худам хостгор мешавам. Тўятро ҳам дар институт мегузаронем. Ҳамин хел як ҷавон, – ректор дасташонро шоф карда, ба ман ишора карданд, – афту башара дар ҷояш, қадду баст чор кас медидагӣ... Хўш, ки бошад, мутахассиси даркорӣ, дар як институти калон кор кунию барои як духтар ғавғо бардошта, ояндаи худро ҳеҷ карданат мумкин...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо