Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рухсора ба таҳсил шурўъ карда, ҳоло аз духтарони фаъоли курсҳои якум ба ҳисоб меравад. Ман фақат аз як чиз хиҷил, алҳол гапи ману вай аз як ҷо намебарояд. Мо ба якдигар сидқан моилем, ба ҳар ҳол ман ба самимияти вай боварӣ дорам. Агар худи маро пурсед, ҳама фикру андеша, кору бор, орзую омоли ман аз ин духтар аст, ягон рўзи ҳаётамро аз ў дуздида, сарфи шуғли дигар насохтам. Чашми ман фақат ўро мебинад, гўшам фақат садои ўро мешунавад, саҳар аз бистари хоб бо умеди дидори ў бархеста, шаб бо хаёли рўи вай сар ба болин мениҳам ...
Ману вай аҳён-аҳён танҳо ба танҳо вомехўрем. Дар долони институт ва ё дар ягон гўшаи ҳавлӣ, ошхона, қироатхона ў бо ман соате ҳамгап мешаваду дарҳол мегурезад. Ман ҳам чун дигарон бо ёри дилбохтаам ба сайр рафтан, шабҳо дар гулгаштҳои фараҳафзо бо ҳам нишаста, сўҳбат кардан мехоҳам. Аммо чӣ илоҷ, ба қавли худаш, вай «ин хел имконият надорад». Аллакай падару модараш муомилаашро бо ман фаҳмида, дилашро сиёҳ кардаанд. Падараш ба назди ректор ҳам омадааст. Самеъзода рўзе маро ба идораашон ҷеғ заданд. Дар кабинети фарох тамокукашон қадам зада, аз зисту зиндагиам пурсиданд, дар омади гап, аз аҳволи падару модарам, кию чӣ кора будани онҳо савол карданд. Ректор марди бағоят ҳайкалдор бошанд ҳам, чобукҳаракат, каме даҳансахт, аммо одами ростдил ва адолатпешаанд. Вақте ки муносибатамро бо Рухсора пурсиданд, буду шуди гапро гуфтам.
– Падараш хавотир шуда ба ин ҷо омад. Ба вай одам гап фаҳмондан мушкил барин, – гуфтанд Самеъзода суханамро шунида андешамандона. – Гуфтам, ки

пешина
аз 538
навбатӣ