Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Оқиловро кофта гаштагӣ пеши чашмам меомад. Дар ҳақиқат муҳаббат ва садоқати занҳо ҳудуд надорад...
- АЙЁМИ ИШҚ
Ба ҳама маълум аст, ки пойдории маънавӣ ва эътимодбахшии инсон дар муҳаббати ў ба зан зоҳир меёбад. Ҳамчунон борҳо хондаам ва шунидаам, ки муҳаббати зан, сарфи назар аз чигунагиаш рўҳи инсонро баланд мекунад, болу пар мебахшад, нерую заковат медиҳад. Намедонам, ин маънӣ чӣ андоза дуруст аст, лекин муҳаббати Рухсора тамоми ҳастии маро ба худ тобеъ карда, намегузорад, ки ба ягон кори дигар ҷиддӣ машғул шавам. Аз бозе ки бо ин духтар сару кор дорам, гўё доим дар тараддудам, ҳамеша мунтазири ягон ҳодисаи фавқулодда аҷиб рўз мегузаронам. Чунон ки ба тамошои филми шавқоваре дода мешаведу тамоми ҳастиро фаромўш мекунед, ман ҳам баъзан шабу рўзҳои ошиқиамро ба филми дуру дарозе монанд мекунаму худ ба худ мегўям, ки ин аҳвол поёне доштагист ва рўзе мерасад, ки ман боз ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардам...
Не, ҳоло ман аз ин гуна бозгашт метарсам. Дилам мехост, ки ин «филм» тамом нашавад, беохир давом кунад...
Ман дар кафедра вазифаи ассистентиамро иҷро мекардам, вақти холиам ба омўзиш ва таҳқиқи ҳашарот сарф мегашт. Аз қитъаи таҷрибавии институт як порча замин гирифтам, ба он баҳори оянда пахта мекорам ва бе истифодаи заҳр ба муқобил ҳашарот ҳашаротро ба кор андохтаниам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо