Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Дониста кор кунад!
Оқилов қадре хомўш истоду баъд пурсид:
– Чӣ мефармоед?
– Ҳеҷ чиз. Дигар наояд.
– И-и, пирию хартозӣ! Кадом ҷин зад? Барои ҳамун?.
– Не, худам, ҳамту.
– Ҳамин ҳам гап шуд! Дилатон чӣ мехоҳад?
– Гўед, ки ҳеҷ чиз намехўрдааст.
– Оббо.
Оқилов баромада рафту хеле вақт гум шуд. Баъд
тугунча дар даст аз табассум даҳонаш ба гўшаш расида,
омад.
– Ана, манту, мана манту! Оҳ! Оҳ! Оҳ! Аз бўи мурчу
зирааш оби даҳонам шорид-е! Шумо беҳуда шаб боз
табъа хира карда гаштед. Хайр, дасташон нарасидагист,
ё гўшти соз наёфтагистанд? Мешавад-дия, зиндагӣ. Агар
пай бурда бошед, ҳафтаи гузашта келинатонро дашному
хорӣ дода, ҳай кардам. Ўсмаю сурмаи очааш намонд,
гўри ҳафт пушташ намонд, ҳақорат додам. Падарлаънат
соати нўҳи шаб омадаст! Аз раҳ нигаристан тори
чашмам канда шуд. «Укаам аз мактабаш дер омад,
кўдакро ба кӣ монда биём?» мегўяд. Рўзи дигар омад,
набаромадам. Хўроки овардаашро фиристод, гирифта
мондаму ҳеҷ чиз нагуфтам. Сонӣ нигарам, бечора таҳтаҳи тирезаҳо чашм андохта, кофта гаштаст... Охир гиря
кард... Қадри марда донад-дия!
Онҳо ба мантухўрӣ нишастанд. Ман берун рафтанӣ
будам, аммо намонданд. Ночор ду дона манту хўрдаму
сонӣ хўроки тунд хўрданам манъ аст, гўён бархестам.
Табъам хира шуд. Чӣ кор кунам, ба куҷо равам,
духтари интизори муаллим ва зани таг-таги тирезаҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо