Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дар берун духтаратон ба шумо интизор. Бегоҳирўзӣ хоб накунед, сари одам вазнин мешавад.
– Кӣ интизор гуфтед? – он кас чашмонашонро молида-молида паҳлў гаштанду такрор пурсиданд.
– Духтаратон.
– Ҳа-а, садқаи сар, – баъд барои хотирҷамъ кардани ман гуфтанд: – Парво накунед.
– Рафта гўям, ки мунтазир бошанд ё?
– Парво накарда шиштан гиред. Монед, лаънатиҳо…
Ман дар ин гуна маврид чӣ хел рафтор карданро надониста ҳайрон мондам. Бо Ҷаводзода он қадар наздик ва роздон нестам, ки «чӣ гап шуд», гўён пурсам, ё маънии ин гуна рафтори ўро донам. Ба миёни падару духтар даромадан нағз не. Андешидам, ки боз ба дилаш ягон гап наояд. Гуфта намешавад. Сипас, ба сари миз нишаста, ба даст рўзнома гирифтам. Чашмам ба рўзномаву ҳушам ба духтари муаллим, ки падарро интизорӣ мекашид, банд буд. Аҷаб не, хавотир шавад. Ё гумон мебарад, ки ман ўро фиреб кардам, омадани ўро ба падараш нагуфтам. Рост мегўянд, ки баъзан муйсафедон кўдак барин инҷиқ мешаванд. Хайрият, ин лаҳза Оқилов аз дар даромад.
– Бароед, духтаратон нигарон, – вай рост ба сари муаллим омада, ба чашмони он кас маънидорона нигарист.
Ҷаводзода даст афшонда монд.
– Хезед, бароед-е! Шумо ҳам акнун ноз кунед! – вай рўзномаро аз дасти муаллим чанг зада гирифт.
– Овора нашавед, намебароям. Баромада гўед, ки равад.
– Нағз не, дилашон алағда мешавад.

пешина
аз 538
навбатӣ