Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
«Шукр, ана, одам барин зиндагӣ мекунем, – мегўяд. – Ба кадом ошхона дароям, табақи мантую кабоб... хўш, ки бошад, шишааш қатӣ... Вақти баромаданам ду-се кило гўшт печонда, «насиби бачаҳо»
гуфта, ба таҳи каш мегазонанд. Ба чор танга моҳонаи сабил нигарон шуда намешинем».
– Одам дуздӣ мекунам гўяд, ба дузд мол каҳт не, – гуфтам ман аз он мард нафратам омада.
– Рост мегўед, додар, – Оқилов суханашро давом дод:
–Ҳозир ин хел дуздия дуздӣ ҳам намегўянд. Бовар кунед, ҳеҷ айб не. Баъзеҳо даромад надошта бошед, писанд намекунанд, «одами ношуд, аз дасташ набиёд, чӣ кор кунад, барои сиркоталабӣ ҳам лабу лахча даркор», мегўянд. Порсол дар чойхона мешиштем, як амаки дурам пурсид, ки дар куҷо кор мекунам. Гуфтам, ки дар матбаа. Ҳамон вақт дар матбаа дуредгар будам. Вай чӣ мегўяд: «Ҳа, дуруст, ҳар рўз даҳта рўзнома барорӣ ҳам, ду тинӣ-бист тин, пули як нон», – Оқилов хандидани маро дида, пурсид: – «Чӣ бовар намекунед? Нон занад...
– Сонӣ ранҷида рафтани Ҷаводзода ба ёдаш расиду гуфт: – Муаллим ранҷиданд-чӣ? Ҳозир рафта аз дилашон мебарорам, – вай бо ҳамин суханҳо аз палата баромад.
Бегоҳӣ духтари Ҷаводзодаро дар таги дар дидаму вай хоҳиш кард, ки падарашро гўям, бароянд.
Ҷаводзода, ҷойпўшро ба сар кашида, пинак мерафтанд. Мўйсафед ҳамин хел: гоҳе гапзадаравон хомўш мешаванду сонияе нагузашта, фиш-фиши нафасгириашонро мешунавед. Ба сарашон рафта, оҳиста бедор кардам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо