Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Барои дусад сўм гирифтан ин бечора бо чандинсола собиқаи хизмат бояд якуним мизон дарс диҳад. Бояд шаб ба дарсҳо тайёрӣ бинад, дафтари талабагонашро санҷад, яктояш ба дарс наояд ё бад хонад, маҳалла ба маҳалла кофта, ба хонаи вай равад, талабааш дар куҷое ягон номаъқулӣ кунад, вай овора. Ҳар рўз чандин бор асабӣ мешавад. Чил нафар кўдакро ором шинонда, як ҳарфро омўхтан кори осон не! Намедонам, дар ин ҷойҳо чӣ хел, аммо дар тарафи мо падару модар, муаллим ва меҳмон ба пиру пайғамбар баробар аст... Аммо, ҳозир чӣ? Муаллим ҳақ надорад ба шогирди ноқобил сахттар гап занад, баҳои ду монад, ҳақ надорад дар синф мононад... Худат -гунаҳгор, бо талаба нағз машғул нашудӣ, протсенти мактабро паст накун, мегўянд.
– Рост, кори муаллимӣ осон не. Лояш ҳам маза надорад. Дар шаҳр ҳозир аксар занҳо - муаллима.
Бачаҳои ин замон қатӣ осон не. Пештар хурд ба гапи калон гўш мекард.
– Бачаҳо донотар шудагӣ... Хайр, дар мактаби шаҳр муаллимони мард кам... Ба бача кӣ ибрат мешавад, муаллим.
– Як одамро медонам, даҳ-дувоздаҳ сол аст, ки муаллим буд, – сухани маро аз даҳон гирифт Оқилов. – Рўзғораш калон, сербачаякак. Ба ҳолаш нигоҳ карда, бечораҳол мегашт. Ба қарибӣ дида, қариб нашинохтам.
Сару либосаша дида министр мегўед, гапзанию муомилааш ҳам ҷудо зўр. «Корҳо чӣ хел, муаллим?»
гўям, «э, муаллим нагўед, аз даҳанатон шамол барад, монед акнун муаллима!» мегўяд. Муаллимиаша партофта, муфаттиш шудааст. Намедонам номи идорааш дар ёдам намонд, ошхонаҳоя тафтиш мекардаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо