Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Э, гапи ёфтагиаш ҳамин, – гуфт вай «ту-ту» карда. – Шогирдони ман инту шуданд, шогирдони ман унту шуданд. Хайр, якта-нимтааш одам шуда, рўи об баромада бошад, аз ғайраташ, ё худодод ягон чиз доштагист. Аз ҳамин кас шогирд чӣ ёд мегирад?
– Ин фикратон ғалат, Оқилов, – ман ба чашми вай рост нигаристам. – Мо аксар ҳамин тавр фикр мекунем.
Агар ба ягон поя расида натавонем, муаллим гунаҳгор, агар расем, аз қудрати худ медонем, аз истеъдоди худ миннатдорем. Фарзанд-падарашро, шогирд-устодашро фаромўш кунад, нағз набудагист. Ҳамон муаллими пир, ки имрўз аҷаб не, монанди мо ҳамадон набошад, аз касрати пирӣ фаромӯшхотир ё сергап шуда бошад, як вақте ба мо роҳнамо буд, сабаб шуд, ки хонему аз вай донотар шавем. Фаромўш накунед, ки як рўз не, як рўз агар насиб бошаду мо ҳам ба пирӣ расем, фарзандону шогирдон аз мо донотар мешаванд. Баъд онҳо ба мо бо тамасхур нигаранд, магар хуб аст? Не, шогирде, ки ба устод тамасхур мекунад, ба пои худаш теша мезанад, мегўянд. Бечора муаллим. Ягона ифтихори ин заҳматкаш дар зиндагӣ ҳамин шогирдон аст.
– Э, шумо ҳам... – Оқилов даст афшонда, муболиға мекунӣ, гуфтанӣ шуд. – Ҳамту кор накардааст, барои кораш пулҷон гирифтагӣ.
– Шумо чанд сўм моҳона мегиред?
Оқилов бо тааҷҷуб ба рўи ман нигарист.
– Гўед, чанд пул мегиред?
– Ин ба шумо чӣ даркор?
– Натарсед, ҳеҷ гап не. Гўед.
– Ҳисоби миёна... Хайр дусад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо