Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба одам ҳам намефорад, – гуфтанд Ҷаводзода. Пас аз қадре хомушӣ боз пурсиданд: – Ҳамин гапҳотон рост буд, ё ҳазл?
Оқилов ҳам ҷиддӣ ё ҳазл будани ин суханонро нафаҳмида, гаранг буд. Вай гоҳ ба чашми ман, гоҳ ба чашми Ҷаводзода нигариста, рамуз гирифтанӣ мешуд.
Метарсид, ки боз наандешида сухане гуфта, дар вазъи ногувор наафтад. Аз изо ва ҳолати ногувор баъзе мардон аз занҳо ҳам зиёдатар метарсанд. Фақат мардуми фурўтан, фозил ва онҳое, ки ба худ эътимод доранд, аз вазъияти ногувор наҳаросида, бепарво фикри худро мегўянд. Баъзан аз гуфтани ақидаҳои содалавҳона, шўхиомез ва густохона ҳам ибо намекунанд.
– Ман гапи ба ҳама маълумро гуфтам. Растаниҳо ҳам як ҷузъи табиати зинда. Баъзе гиёҳҳо ҳашарот шикор карда мехўранд-ку!
– Аҷаб не, – Ҷаводзода оҳиста сар ҷунбонда сухани маро тасдиқ карданӣ шуданд. – Ҳар рўз кашфиёти нав.
Илм чӣ сирҳоеро, ки намекушояд! Шогирдоне, ки ман дарс додаам, имрўз корҳое карда истодаанд, ки...
– Э, монед, ҳамин гапҳоя! Шогирдон-шогирдон...
Ҳамон шогирдон бе шумо одам намешуд-чӣ?
– Аз шумо хондану навиштан ёд гирифтагистанд.
Илм хондану навиштан не-ку!
Ин суханон ба дили Ҷаводзода сахт расид. Даст афшонда бо қаҳр аз хона берун рафтанд. Рангашон канда аз изтироб дасту пояшон дарақ-дарақ меларзид.
Ба муаллим раҳмам омад.
– Нағз нашуд, – гуфтам ба Оқилов.

пешина
аз 538
навбатӣ