Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Афсўс, – гуфтам ман аз кор сар набардошта.
– Ба ҳамон ҳам афсўс! Эҳ-ҳа, шумо ҳам қиёмата ба таги дар овардеду мондед-ку!
– Ҳамин гулу гиёҳ ҳам мову шумо барин озорро ҳис мекунад, аз ранҷу азоб бетоқат мешавад, ҳатто нола мекунад.
– Э, монед-е!
– Бача будем, аз боғ бағаламонро пур карда, довучча канем, очаам метарсонданд, ки зардолу дуои бад мекунад, рост будаст-дия-а? – Ҷаводзода аз эҳтиёт тамасхури худро маълум накарданд.
– Албатта, беқарор гаштани гиёҳ ба чашм аён не, нолаашро намешунавем. Аммо олимон инро бо таҷриба исбот кардаанд. Яке ҳамеша гулҳоро шикаставу зери по карда, озор медодааст...
– Мо барин, – гуфта монд Оқилов.
– Дигаре ҳамеша парвариш мекардааст.
– Инаш – шумо барин.
– Асбобҳои махсусе ҳастанд, ки импулси растаниро қайд мекунанд. Вақте ки асбобро ба гул ниҳодаанд, чӣ мегўед, ки ҳамон озордиҳанда наздик ояд, ақрабаки он ҳаллос мекардааст. Яъне, гиёҳ ҳам одамро мешинохтааст, тарсида, бетоқат мешудаст. Ҳамин ки он одами зиёнкор рафта, парваришгар ояд, импулс барҳам хўрда, ақрабак ҳамвор хат кашидааст. Олимони Ҳинд муқаррар намудаанд, ки растаниҳо мусиқиро дарк мекардаанд. Баъзе оҳангҳо ба сабзиши растанӣ кўмак расонда, баъзеяш таъсири ногувор доштааст. Махсусан, оҳанги ҷаз ба растанӣ намефоридаст.

пешина
аз 538
навбатӣ