Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дар дастам бударо кушода, бо тахтапорае аз он пору қадре гирифтам.
Дар палата Ҷаводзодаву Оқилов харбуза мебуриданд.
Андаке сабр кардам, то ки хўрда шаванд.
– Дар коғаз чӣ печонда овардед? – пурсид Оқилов ва чашми ҳарду ба дасти ман дўхта шуд.
– Пору.
Чашмҳои аз косахона ҷаҳида баромадаи онҳоро дида, хандаам гирифт.
– Дар «Алифбо» буд, ё «Китоби хониш», – Ҷаводзода дастпоккунон боз ба гуфтани ривояти ба ҳама маълуме сар кард, – бачае аз аробакаш мепурсад: «Амак дар ароба чӣ меоред?» «Пору», – ҷавоб медиҳад аробакаш.
«Охир, ин пору не, ҳезум-ку! – гўяд, аробакаш: «Донӣ, чаро мепурсӣ», мегўяд.
– Бача ҳам нагуфтаст-дия: «Муаллимамон гуфтанд, ки пурсидан айб не», – илова кардам ман.
Ҳама хандидем. Баъд Оқилов пурсид:
– Бешўхӣ гўед, чӣ вай?
– Пору. Барои ин гулҳо, – ман ба ду тубаки гул, ки дар пештахтаи тиреза гузошта буданд, ишора кардам.
Баъд бархоста, бо нўги корд хоки тубакҳоро нарм кардаму пору андохта об додам, шохҳои ба ҳар сў овезоншудаи гулҳоро рост карда бастам.
– Заб дили дарё доштед-дия! Оқилов ба кори ман нигариста истоду дилтанг шуд.
– Кори савоб мекунанд, – Ҷаводзода мисли ҳамеша боз муқобили фикри улфати худ сухан гуфтанд: – Шумо барин як умр шикан-шикан-мӣ?
Баъд ба ман рў оварданд: – Як тубакро афтонда порапора карданд-дия!

пешина
аз 538
навбатӣ