Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Азбаски нури офтоб ба ин гулзор фақат нимрўзиҳо бемалол меафтад, гулҳо қад кашида буданд. Шўълаи зиёди офтоби ҷануб ба сабзиши растанӣ монеъ мешавад. Ман дар канори гулзор нишаста, гулҳоро бўидам, барги хушкидаи бағалшохашонро беозор шикаста партофтам, печаку аҷриқҳои дар буни гулҳо сар задаро кандам. Одам гоҳе бо табиат танҳо ба танҳо мондан мехоҳад. Бо гулу гиёҳ, шабпараю гамбускҳо машғул будан, гуфтугў кардан нашъае дорад, ки ҳеҷ монед! Гоҳе чунин менамояд, ки ман забони баргҳо ва замбўруғҳоро мефаҳмам ва онҳо ҳам нияти маро пай мебаранд. Дар асл забони баргҳо ва гулҳоро, шеваи ҳазорон ҷонварони хурду калонро фаҳмидан чандон мушкил нест. Ба замин оҳистатар по монед, беталвоса, бевалвала, бодиққат нигаред, гўш кунед, ором ва бехалал зиндагӣ кунед... Барои мардуми пурғавғо табиат гунгу кар аст, ҷонварон безабонанд, дарҳои сиру асрори ҷамоду набот бастаю пўшида аст.
Одами пурғавғо фақат садои худро мешунаваду бас...
Охир ҳар як кашфиёти ҳасадангези аср, ки имрўз бо он ифтихор мекунем, тақлиде ба офаридаҳои табиат аст.
Аввал табиат радар ва локатори ултрасадо сохта, онро ба делфин ва кўршапара тақдим кардааст. Шабпараи нобино бо ҳамин «локатор»-и табиии худ дар як дақиқа дувоздаҳто хомўшак медорад. Табиат таҳ ба таҳ сиру асрор аст, кони ҳусну зебоӣ аст. Ана, замбўрҳои асал аз гул ба гул нишаста шаҳд меғундоранд, кор мекунанд!
Чашмам ба тўдаи поруи кўҳна афтод. Оварда, ба ин ҷо рехта, баъд ба замини гулзор пошидаанд. Рўзномаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо