Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
– Ҳамон рўзи гуфтагиатон як духтара дар истгоҳ дидаму аз дилам гузашт, ки ҳамон кас, – гуфт Инобат баробари рў ба рў шудан ба гап даромада, – сонӣ, ба хобгоҳашон равам, худашон. Дил гувоҳӣ медиҳад-дия, – вай ба назди Рухсора рафтанашро мегуфт.
Ман аз Инобат хоҳиш карда будам, ки узри хабар гирифта натавонистани маро ба Рухсора расонад.
– Ман шаб дар хобгоҳ хоб кардам. Ҳамхонаашон наомад, танҳо буданд. Рафта аз хона хўрок овардам. Ҳарду то нимишаб китоб хондем. Ман ҳам ба институт тайёрӣ дида истодаам-ку.
– Ману вай дуруст шинос не. Бетаъин будаст нагўяд, гуфтам-дия.
– Духтари ҷудо ҳам нағз, ба ман маъқул. Хайр, ҳоло ҷавон. Аммо ҷудо ҳам мулоҳизакор. Одаму оламро надидаст... Рафта-рафта мефаҳмад.
Аммо ҳамин мулоҳизакории вай ҳам, ки Инобат нобоварӣ ва беқатъиятии ўро дар назар дошт, ба назари ман ҳусни малеҳ, аз сифатҳои мафтункунандаи вай барин менамуд. Дар дилам мегуфтам, ки духтарони густох ва маҳмаддоно аз нафосат ва назокати ҳақиқӣ маҳруманд. Баъди бо Рухсора вохўрдани Инобат ба ман чунин менамуд, ки дар арафаи воқеаҳои аҷибу ғариб, иду тантанаи ҳанўз ба худам ҳам номаълум зиндагӣ мекунам, фардо ё пасфардо воқеаҳои гўшношунидае рўй медиҳанд, ба ман хушхабарҳои тоза ба тоза мерасад, бо одамони наҷибе шиносо мешавам.
Биноҳои якқабатаи ин бемористони кўҳнаи шаҳр дар байни боғу гулзорҳо ғўтида буд. Ман бо пайраҳаи серсоя мерафтам, ки ногоҳ ба майдончаи фарохе баромадам. Чор тараф – дарахтони азим, дар миёна гулзори ботаровате, гирдогирди он гулҳои оташини тоҷи хурўс фурўзон буда, дар мобайн раддаҳои ҳиною райҳон, гули хайрӣ ва ҳусни Юсуф шукуфта, атрофро муаттар мекарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо