Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ин қадар санги марда паст назанед! Зану духтар шарму ҳаё дошта бошад, нағз. Ҳар хандаю нозу нузаш бошад, барои шўйҷонаш руст карда монад.
– Ана, халос! Сар аз куҷо, пой аз куҷо. Ман тут гўям, шумо бед, – Ҷаводзода пойҳояшонро поён партофта, дар кати худ нишастанду ба Оқилов нигоҳ карда, оҳе кашиданд.
– Ҳар чи гўед ҳам, ҷони гап ҳамин, – ҳукми худро қатъӣ кард Оқилов.
Ба палата Ҳусейн даромада, як-як бо ҳамаамон хайрухуш кард.

  1. РЎЗҲОИ ДИГАР, СЎЗҲОИ ДИГАР

Дуруст мегўянд, ки то бемор нашавӣ, қадри сиҳатиро намедонӣ. Тану ҷони сиҳат – давлати бебаҳо, гуфтаниашон рост. Падару модар дар ин хусус насиҳат кунанду таъинот диҳанд, гўш намекунем, гумонамон ҳамту, аз рўи одат ва тақозои вазифаи падарию модарӣ мегўянд. Аммо дар асл, онҳо аз таҷрибаи худ моро сари вақт огоҳ карданӣ мешаванд, мехоҳанд, ки аз қадамҳои аввали ҳаёти мустақил саломатиамонро эҳтиёт кунем.
Аммо онҳо як чизро ба инобат намегиранд, ки ҷисму ҷони ҷавон ба эҳтиёт ва андешаю таҳаммул ҳоҷатманд не. Балки ба синни онҳо расем, мо ҳам пухтакору боэҳтиёт мешудагистем, кӣ медонад.
Ҳоло духтур ба ман иҷозати берун рафтан дод.
Баромада дар сояи дарахтон хеле вақт нишастам. Дар даст қуттичаҳои дору Инобат омаду сари роҳ бо ман ҳамгап шуд.

пешина
аз 538
навбатӣ