Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маълум буд, ки баҳс ва мунозираи ҷиддӣ бо ин одам суд надорад. Чунон ки мегўянд, мехи оҳанӣ ба санг намеравад.
– Суханатон ҳақ асту рост. – Ҷаводзода бо оринҷ ба болин такья карда, нимхез шуданду ба ман рў оварданд:
– Баъзе мардони мо нодида, иззати нафс, ғурури мардӣ надоранд. Гўш кунед, аз саргузаштам як воқеаро гўям:
соли чандум буд, аниқ дар ёд надорам, ҳафт-ҳашт сол шуд-дия... Ҳа, ҳамон сол сарвазири Ҳинд духтараш қатӣ омада буд. Як гурўҳ муаллимонро ба Москва, ба маҷлис фиристоданд. Ману як муаллими ҷавон ҳамроҳ ба поезд баромадем. Вай ранги ҳамин Ҳусейни мо базебу олуфта, ба ҳар як зану духтар гап мепартофт. Ҷои ҳардуи мо дар қабати поёни купе, дар назди тиреза. Як зан омад, ки ҷояш дар болои мо будаст. Синнаш зери сӣ, хушрўй. Аз он муаллими ҷавон илтимос кард, ки вай қатӣ ҷояшро иваз кунад: «Ман зан, баромада фуромаданам мушкил»
гуфт. Ҳамроҳам розӣ нашуд. Ман ҷои худамро ба вай зан дода, ба боло баромадам. Дар боло фақат хоб мекардам, аксар дар поён нишаста, чақ-чақ карда мерафтем. Занак ба ҳолам намонда, поён мефуровард.
Он солҳо ман ҳам ҷавонмарди бардам будам.
– Хайр, кор буд шуд ё... ҳамту? – пурсид Оқилов, ки ин хел саргузаштҳоро бо диққат гўш мекард.
– Гап дар сари ин не. Вай зани ҷудо доно, покдоман будаст. Дар Москва ба ман хеле кўмакаш расид. Рост мегўед, ба баъзе ҷавонҳо духтар табассум кунад ҳам, ба бало мемонад. Ширеш барин часпида мегирад. Э-э, чӣ гумонҳое намекунад! Ана, баъди ин хел муомила зан аз дев ҳаросидагӣ барин аз мард мегурезад. Феодализмдия!

пешина
аз 538
навбатӣ