Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ман табассум кардаму ба инкор сар ҷунбондам, ки гумонашон хато аст.
– Вай аз рўи дилсўзӣ... Дар шаҳр ҳеҷ кас надорам...
Ҳамту, дилбардорӣ мекунад.
– Чӣ руст мекунед, нағз бинад, ганда-мӣ? Ҷон гўед! Аз шумо чӣ меравад? Шумо-мард, бадном шавад, вай мешавад. Деги кушодагия кадом саг намелесад! – Боз Оқилов ба гап даромаду табъи ҳардуи моро хира кард.
– Аз мўрии хунук – дуди хунук мегўянд, рост. Шумо ҳам, интур ба пасу пеши гап нигоҳ карда, камтар андешида даҳан кушоед.
– Ин хел нагўед, бародар, – гуфтам ман ҷиддӣ, бо овози озурда, норозиёна ба рўи вай нигариста. Сипас ба чӣ фикре рафтаму чизеро, ки Оқилов баринҳо ҳаргиз намефаҳманд, ба ў фаҳмонданӣ шудам. – Асосан, аксари духтарон ба кас меҳрубон, дилсўз...
– Духтар - синаи меҳр мегўянд, – суханамро буриданд муаллим.
– Мо, мардҳо бештар бешафқат, дилсахт ва ноодамем. Мо худамон гунаҳгор. Духтар аз дев наҳаросад ҳам, аз баъзе мард меҳаросад. Даст диҳанд, аз оринҷ мегирем... Нағз не.
– Намедонам, чӣ гуфтанӣ шудед, аммо додар, ба куҷо равед ҳам, мард - марду зан зан-дия! – эътироз кард Оқилов. Имрўз фарқи зану мард намондаст. Баъзе мард аз занак фарқ надорад, баъзе зана дида, мард мегўед. На шарм, на ҳаё.
– Худатон такопўй доред, ки вай профессорзан як бор шуморо бинад. Агар вай гўяд, ки «не ман - зан, Оқиловро намебинам», чӣ мекардед?
– Духтур қаҳт не.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо