Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Номашон Инобатхон – гуфт Оқилов пешдастӣ карда.
– Э-э, ин хел гўед, номи нағз доштаеду чаро пурра намегиранд? Баъд аз ин ман шуморо Инобат мегўям, майлаш?
– Дар хона номам Инобат. Ҳамин ки аз дарвозаи бемористон даромадам: Ина, Ина... Куртаҳо кўтоҳ шуд гуфта, номро ҳам кўтоҳ кардем, – хандид вай. Баъд аз ман пурсид: – Ба шумо ҳеҷ чиз даркор не? – шармида бо азобе ба ман менигарист ў. – Ман меравам... Агар ягон чиз даркор бошад, шарм накунед.
– Ташаккур, Инобат, ҳама чиз ҳаст. Аз дилам гузашт, ки дар хусуси Рухсора вай қатӣ гапзанон кардан мумкин. Фардо ҳатман гапзанон мекунам. Не, намегўяд.
Баъди рафтани Инобат Оқилов аввал ба Ҷаводзода маънидор нигариста, шумхандае карду сонӣ ба ман айёрона чашмак зада, гуфт:
– Шумо дуруст... Хапакак шишта... А?
Матлаби ўро фаҳмам ҳам, худро ба гўлӣ задам.
Барои чӣ ин хел кардам, худам ҳам намедонам. Ҳамту, бе ҳеҷ зарурат будагист. Не, оҳанги кароҳатноки гапи вайро ҳис кардам.
– Наход, ки нафаҳмед?... Шумо ба вай маъқул. Рости гап. Ман даррав аз чашмаш мефаҳмам. Ана, вай Ҳусейн шабу рўз аз қафои духтарон тозад ҳам, ягонтааш омада, «ба ту чӣ биёрам?» нагуфтаст. Шумо ҷимакак... дуруст.
– Мегўянд-ку «натарс аз он, ки ҳою ҳўй дорад», – гуфтанд Ҷаводзода, хушнудона ба рўи ман нигариста. – Ин духтарон зирак, ба ҳар касу нокас рўи хуш намедиҳанд. Одама мешиносанд гўрсўхтаҳо.

пешина
аз 538
навбатӣ